Wy/tg/Эрон

From Wikimedia Incubator
< Wy‎ | tg
Wy > tg > Эрон

Эрон — кишварест, ки дар ҷанубу ғарбии Осиё ва дар минтақаи Ховари Миёна қарор дорад.

Номи расмии он Ҷумҳурии Исломии Эрон ва пойтахташ Теҳрон аст. Паҳноварии ин кишвар 1 648 195 км мураббаъ (18-ум дар ҷаҳон) аст, ва бар пояи саршумории соли 2010 дар ин кишвар 80 208 000 тан бошанда буда, ҳарсола наздик ба 1 млн тан бар шумори бошандагонаш меафзояд.

Эрон ҳамчун сарзамин ва миллат пешинае кӯҳан дорад ва яке аз таърихитарин кишварҳои ҷаҳон ба шумор меравад.

Мардум[edit | edit source]

Аксари мардуми Эронро порсҳо ташкил Mедиҳанд, зиёда аз 55 миллион (тақрибан 65%). Баъди порсҳо аз рӯи шумора озариҳо мебошанд,ки қариб 10 % мардуми Эронро ташкил медиҳанд, яъне қариб 7 миллион. Боқии мардуми Эронро: курдҳо, луру мозандариҳову тату талишҳо ва дигарон. Тамоми мардуми Эрон порсиро медонанд ва ҳатто озариҳо дар хона ҳам ба порсӣ гуфтугӯ мекунанд. Забони порсӣ яке аз 7 умин забоне мебошад, ки дар ҷаҳон бо ин забон 225 миллион мардум ҳарф мезанад. Порсӣ аз 3 шева (лаҳҷа) иборат мебошад: порсӣ-Эронӣ ва порсии (форсӣ) тоҷикӣ-дарӣ. Ба шеваи тоҷикӣ 45 миллион порсигӯ (дар Ӯзбакистон 15 миллон, дар Афғонистон 15 миллион, дар Тоҷикистон 8 миллион, боқӣ дар дигар давлатҳо) гуфтугӯ мекунанд.Дар Афғонистон ҳамаи мардум(30 миллион) порсӣ балад аст.

Эрон 31 устон дорад:

  1. Теҳрон
  2. Қум
  3. Марказӣ
  4. Қазвин
  5. Гелон
  6. Ардабил
  7. Занҷон
  8. Озарбойҷони Шарқӣ
  9. Озарбойҷони Ғарбӣ
  10. Курдистон
  11. Ҳамадон
  12. Кирмоншоҳ
  13. Элом
  14. Луристон
  15. Хузистон
  16. Чаҳормаҳолу Бахтиёрӣ
  17. Кӯҳгилуя ва Буйир-Аҳмад
  18. Бушаҳр
  19. Форс
  20. Ҳурмузгон
  21. Систону Балучистон
  22. Кирмон
  23. Язд
  24. Исфаҳон
  25. Симнон
  26. Мозандарон
  27. Гулистон
  28. Хуросони Шимолӣ
  29. Хуросони Разавӣ
  30. Хуросони Ҷанубӣ
  31. Алборз