Wq/tg/Рӯдакӣ

From Wikimedia Incubator
< Wq‎ | tg
(Redirected from Wq/tg/Рудакӣ)
Wq > tg > Рӯдакӣ

Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад (форс. ابو عبدالله رودکی‎, 860 — 941) — шоир, асосгузори адабиёти форсу тоҷик.

Иқтибосҳо[edit | edit source]

  • Ҳар ки номӯхт аз гузашти рӯзгор, низ номӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
  • Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,
    Варо бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.
  • Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
    Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
    Ҳеҷ талхӣ нест бар дал талхтар,
    Аз фироқи дӯстони пурҳунар
  • Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
    Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
    Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
    Гар дасти фитодае бигирӣ мардӣ.

Иқтибосҳо дар бораи Рӯдакӣ[edit | edit source]

  • Шоир чу гузин Рудакӣ он к-аш бувад абёт
    Беш аз саду ҳаштод ҳазор аз дуру девон.
  • Гар сари ёбад ба олам кас ба некушоирӣ,
    Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
    Шеъри ӯро баршумурдам, сездаҳ рах сад ҳазор,
    Ҳай фузун ояд, агар чунонки бояд бишмарӣ.