Wq/tg/Муҳаммад Закариёи Розӣ

From Wikimedia Incubator
< Wq‎ | tg
(Redirected from Wq/tg/Закариёи Розӣ)
Wq > tg > Муҳаммад Закариёи Розӣ
Тасвири Муҳаммад Закариёи Розӣ

Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (форсӣ: زکریای رازی) — олим, кимиёгар, файласуф, табиб табиатшиноси машҳури асрҳои VIII – IX – и аҳли форсу тоҷик.

Иқтибосҳо[edit | edit source]

Матн дар охири "Китоб-ут-Тиб"-и Розӣ

Ситоиши фазилати ақл[edit | edit source]

  • Ақл роҳбар аст, на мутеъ (фармонбардор).
  • Ақл чизест, ки агар он намебуд, аҳволи мо тибқи аҳволи ҳайвон мешуд ё худ мисли кӯдакону девонаҳо дар вартаи парешонӣ мемондем.
  • Ба тавассути ақл ба асрори илмҳо, аз ҷумла, илми тиб расидем ва ошкор сохтем, ки дар тиб барои авлодони мо созгориҳои наҷибе ниҳон аст.
  • Бо имдоди ақл шакли Замину фалак, нопадидиҳои Офтобу Моҳ ва соири кавокиб ва масофати бӯъду ҳаракатҳои онҳоро донистем.
  • Зарур аст, ки дар иҷрои корҳо ба ақл такя намоем ва мувофиқи раводиди он ҳар амреро ба итмом расонем.
  • Маҳз ба тавассути ақл умури пӯшидаи қадиму махфии табиатро дарк намудем.
  • Мо ба тавассути ақл аз ҳайвони ғайринотиқ афзалият пайдо намуда, онҳоро молик шудем.
  • Мо ба шарофати ақл ҳастии оламро дарк мекунему ба мақсаду муроди хеш мерасем.
  • Мо бояд, фармонбардори ақл бошем ва вобаста ба таваққуфи он таваққуф кунем.
  • Нафс ақлро аз қоидаву усул берун оварда аз мақсаду устуворк дур карда метавонад.

Идора ва шикасти ҳавову ҳавас[edit | edit source]

  • Агар шаҳватпарастӣ ва инчунин қонеъ гардондани майли табъ дар ҳаёти инсон афзалтарин чиз мебуд, онгоҳ инсони оқил чунин ҳолатро беарзиш ҳисоб намекард ва ингуна вазъиятро пасттар аз вазъи ҳайвонӣ намешумурд.
  • Ғолиб омадан бар ҳавову ҳавас ва душвории забти шаҳват рафтарафта сабуктар мешавад ва ба кас одат....
    ...Баъд аз забти нафс қувват ёфта, оқибат аз чизҳои дилрабо ҳам кас худро ба осонӣ манъ карда метавонад, ки дар натиҷа пешгирии ҳавову ҳавас ба фоидаи ақл ҳал мегардад. Ингуна шахс дар умури худ соҳиби сиёсати хуб мешавад, ки мардум ӯро мадҳ мекунанд ва ба рафтори вай шавқманд гардида, мехоҳанд, мисли вай шаванд.
  • Инсон агар молики ними кураи замин гардад ҳам, нафси вай талаб мекунад, ки он ними дигарашро низ ба даст оварад. Гузашта аз ин ғам мехӯраду метарсад, ки он ними замине, ки мулки вай аст, аз даст наравад. Инчунин агар молики тамоми замин шавад, боз таманнои онро дорад, ки доимо сиҳҳату ҷовид бошад, боз нафси ӯ дар паи ҷустуҷӯи олату рутбаи ҳар чизе, ки дар байни осмону замин ҳаст, бишавад.
  • Марди оқилро зарур аст, ки лаҷоми ҳавову ҳавас ва табиатро сар надиҳад, балки онҳоро тобеи худ созад ва ҷабр кунаду озод намонад.
  • Набояд нафс ҳокими ақлу одат бошад.
  • Нафс вобастаи ҷисмест ва ба шарофати ҷисм нафс вушуд дорад. Бо фосид шудани он ҷисм нафс ҳам фосид мешавад.
  • Одам агар нафсро ба ихтиёри худ вогузорад, ҳатман аз оқибати баду кулфат эмин намемонад.
  • Ҳавову ҳавас ва табиатҳои лаззатхоҳ маҳз ба сабаби камиродагии шахс ба иҷрои хоҳишу талаботи худ соҳиб мешаванд.
  • Ҳавову ҳавас инсонро ба он ҳолати лаззатбарӣ исроркорона сафарбар менамояд. Ва он инсонро барои ба он лаззат ноил гардидан ба шитобкорк меандозад. Аммо инсон намеандешад, ки он лаззат баъзан аламовар мебошад.
  • Ҳар касе, ки дар ибтидо аз: забти нафс озору талхк бинад, он кас оқибат ба дарёфти ҳаловат ва лаззатҳои нек муваффақ мегардад ва иншунин масруру саодатманд мешавад.
  • Шахсони ҳавою ҳаваспараст, ҳавову ҳавасро аз дигар шиз афзалтар мегузоранду дӯсташ медоранд ва онҳо майл ба лаззат доранд, оқибат таассуф хоҳанд хӯрд.

Ишқу улфат ва оид ба лаззат[edit | edit source]

  • Аксарияти касони дар ҳолати лаззат буда, ки маҳз лаззат раҳнамояшон аст, касонеанд, ки ҳакиқати назариявии лаззатро намедонанд.
  • Баъзан ... шаҳватпарастон ба кайфи шаҳват дода шуда, мавзеъ ва ҷои лаззатбардории занро дахл нанамуда, лаззатро аз мавзеъ ва ҷои ношоист ҳосил менамоянд.
  • Вобаста ба миқдори азоби гуруснагию ташнагӣ дараҷаи лаззати таому нӯшокӣ пайдо мешавад.
  • Дар ҳақиқат лаззати «ошиқон» ва касони дигаре, ки ба дӯст доштани чизе худро омода кардаанд, ба мисли ишқи сардорй, мансаб, ба даст овардани молу мулк ва дигар умури ифротй, ки дар нуфуси онҳо мутамаккин шудааст ва онҳо таманное ғайр аз ба даст овардани он матлуб надоранду мароми зиндагиро бидуни дарёфтани он чизҳо беҳуда мешуморанд, оқибат ба азоб гирифтор хоҳанд шуд.
  • Лаззат такрори ҳолате мебошад, ки пеш аз ба вуқӯъ пайвастани чизи зарарнок, яъне ҳолати номусоид вуҷуд доштааст.
  • Лаззате нест, ки бидуни ҷо доштани озор пеш ояд ва инчунин бо сабаби хориҷ шудан аз табиати муқаррарй ва ё аз ҳолати табий ба вуҷуд ояд.
  • Манъи нафс аз маъшуқаш ба бештар мустаҳкаму пойдор шудани ишқ ва ғолиб омадани он бурда мерасонад.
  • Мардумони бузурги соҳибнафс ва боҳиммат, табиатану ғаризан аз балои ишқи нопоки булҳавасона бар канор мераванд.
  • Мардумони хунсои зансифат аз қабили ғазалхонон, фориғболҳо, сарватмандон, шаҳватпарастон, ки ғайр аз шаҳват дигар ғаме надоранд ва ингуна шахсон дар дунё ғайр аз таъмини талаботи шаҳват дигар ҳоҷате надоранд, ба гирдоби чунин ишқи булҳавасона ғӯтавар мегарданд.
  • Ошиқони булҳавас аз сабаби итоатмандиашон ба ҳавою ҳавас ва беҳтар шумурдани лаззати он нисбат бар дигар чиз, дар ҳақиқат, фиребхӯрда мешаванд.
  • Ошиқони булҳавас дар масъалаи ба ақл тобеъ накунонидани нафс, ба даст нагирифтани лаҷоми ҳавою ҳавас ва ба куллӣ мутеи шаҳват шудан аз ҳадди ҳайвонот ҳам мегузаранд.
  • Тасаввур кардани азобу уқубати ба даст овардани матлуб сабабгори ширин шудани талхӣ мегардад.
  • Улфат хосиятест, ки баъд аз муддати тӯлонии муфориқат бо маҳбуб васл ёфтан дар нафс пайдо мешавад, ки он ҳолат худ балои азиме мебошад.
  • Ҳангоме, ки инсон чизу ҳолати номусоиду зарарнокро аз ҳолати худ хориҷ намуда, сипас ба ҳолати аввалии худ баргашта, лаззатро ҳис менамояд.
    Масалан, агар шахсе аз ҷои пӯшидаи пурсоя ба саҳро барояд ва дар зери шиои тафсони офтоби тобистонй сайр кунад, то ин ки гармии тоқатфарсои офтоб ба вай таъсир расонад ва ҳангоме, ки чунин кас баъди ин ҳолати номусоид боз ба макони аввалаи худ баргардад, лаззатро ҳис менамояд.
  • Ҳар мавҷуде мулук ва ҳар мамнӯе матлуб аст.
  • Шаҳватпарастон аз миқдори шаҳвати ҳайвонй гузаронад ҳам, аз мутеии шаҳват ҳаргиз қаноат ҳосил намекунанд.

Дар бораи Закариёи Розӣ[edit | edit source]

  • "Гуфтаанд, ки Азадуддавлаи Дайламӣ бо Розк машварат кард, ки бемористонро дар чӣ ноҳияе бино кунанд. Ва Розӣ ба яке аз ходимони хеш дастур дод, ки дар ду ҷониби Бағдод пораи гӯште биёвезад. Сипас диққат кард, ки дар кадом як аз он ду сӯ гӯшт ба зудӣ тағйир намеёбад ва бадбӯ намешавад. Пас, ишорат кард, ки бемористонро дар он ноҳия бино кунанд"[1].
  • Дар кӯдакӣ уд менавохта ва вақте ба риш омада, гуфта: "Оҳанге, ки аз миёни ришу сиблат барояд, тараб наяфзояд".
    • Салоҳиддини Суғдӣ.
  • Пизишкӣ набуд, Буқрот онро ба вуҷуд овард, мурда буд — Ҷолинус онро зинда кард, пароканда буд — Розӣ онро фароҳам овард, ноқис буд — Ибни Сино онро комил кард.
    • Алиасғари Ҳалабӣ.
  • Ў нахуст ба кимиё иштиғол варзид ва чашми худро дар маърази авориз ва офот ниҳод. Наздикк ба оташ ва бӯйҳои тунд шашми ӯро маъюб сохт ва ӯро ба сӯи муолиҷа ва мудово ва сипас ба илми пизишкӣ кашонид.
    • Абӯрайҳони Берунӣ (973—1048), Феҳрасти мусаннифоти Розӣ
  • Ӯ пайваста ба дарсу баҳс машғул буд ва аз фарти дӯстӣ ба илм чароғи худро дар чароғдоне бар рӯи деворе мениҳод ва китобашро бар девор такя медод ва ба хондан мепардохт, то агар хуб ӯро даррабояд, китоб аз дасташ бияфтад, ӯ бедор шавад ва мутолиаи худро идома диҳад.
    • Муҳаммад ибни Ҳасан-ур-разоқ, аз қавли яке аз розиён.

Эзоҳ[edit | edit source]

  1. Гарчанде ин ривоятҳо аз ҷиҳати санаҳои таърихии давраи Закариёи Розӣ ва ҳокими номбурдашуда Азадуддавлаи Дайламӣ (338—372) ҳиҷрӣ мувофиқат намекунад, вале онҳо ҳамчун дарбаргирифтаи ҳақиқати ҳаёти илмии донишманд муфиданд.
w:tg
w:tg