Wn/tg/COVID-19. Шумораи қурбониёни коронавирус дар ҷаҳон ба беш аз 580 ҳазор нафар расид
COVID-19. Шумораи қурбониёни коронавирус дар ҷаҳон ба беш аз 580 ҳазор нафар расид
[edit | edit source]АМИТ "Ховар" COVID-19. Шумораи қурбониёни коронавирус дар ҷаҳон ба беш аз 580 ҳазор нафар расид ДУШАНБЕ, 15.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 15 июл шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон ба беш аз 13,4 миллион нафар расида, зиёда аз 580 ҳазор нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд ва беш аз 7,8 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Тибқи маълумоти нави СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 217 829 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 5 413 нафар сироятшудагон фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 13 483 625 нафар ва теъдоди фавтидагон 581 740 кас мебошад.
Ҳамзамон то имрӯз дар ҷаҳон 7 873 324 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (3 546 278 нафар), Бразилия (1 931 204), Ҳиндустон (939 192), Россия (746 369), Перу (333 867), Чили (319 493), Мексика (311 486), Испания (303 699), Африқои Ҷанубӣ (298 292) ва Британияи Кабир (291 373) дохил мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.