Wn/tg/COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон бо ошкор гардидани беш аз 248 ҳазор ҳолати нав ба 14 миллион наздик шуд

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон бо ошкор гардидани беш аз 248 ҳазор ҳолати нав ба 14 миллион наздик шуд

АМИТ "Ховар" COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон бо ошкор гардидани беш аз 248 ҳазор ҳолати нав ба 14 миллион наздик шуд

ДУШАНБЕ, 17.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати соати 09:00-и 17 июл шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавируси нави COVID-19 дар ҷаҳон сар аз хуруҷи пандемия то имрӯз ба 14 миллион нафар наздик шуда, зиёда аз 592 ҳазор гирифторони он вафот кардаанд ва беш аз 8,2 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Тибқи маълумоти охир, давоми шабонарӯзи гузашта 248 912 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 5 741 нафар сироятшудагон фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 13 949 385 нафар ва теъдоди фавтидагон 592 690 кас мебошад.

Ҳамзамон то имрӯз дар ҷаҳон 8 278 974 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (3 695 025 нафар), Бразилия (2 014 738), Ҳиндустон (1 005 637), Россия (752 797), Перу (341 586), Африқои Ҷанубӣ (324 221), Мексика (324 041), Чили (323 698), Испания (305 935) ва Британияи Кабир (292 552) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад. АКС аз Антон Новодережкин/ТАСС