Wn/tg/Ҳукумати ВМКБ дар бораи харҷи маблағҳои суратҳисоби кумак маълумот медиҳад

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Ҳукумати ВМКБ дар бораи харҷи маблағҳои суратҳисоби кумак маълумот медиҳад

Дар суратҳисоби  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳхистони Бадахшон, ки барои пешгирии бемории сироятии короновирус ё худ covid  -19  ба ҳолати  28 майи соли равон 304 ҳазору 121 сомонӣ ва ба таври нақдӣ ба дастгоҳи раиси ВМКБ 36 ҳазору 900 сомонӣ ва 400 доллари амрикоӣ аз ҷониби ашхоси саховатпеша дохил гардидааст. Ҳамчунин, ба кортҳои бонкие, ки дар Аввалин бонки молиявии хурд кушода шудаанд, 41 ҳазору 122 сомонӣ бо асъори миллӣ ва 4 ҳазору 48 доллари амрикоӣ ворид шудаст. Дар ин бора ба “Азия Плюс” аз МИҲД ВМКБ иттилоъ доданд Бино ба иттилои манбаъ, сарфи маблағҳои суратҳисоби мазкур таҳти назорати раиси ВМКБ Ёдгор Файзов қарор дошта, то санаи 28.05.2020 аз ҳисоби маблағҳои ҷамъшуда 600 сомонӣ ҷиҳати харидории селофан барои Касалхонаи вилоятӣ, 30 ҳазор сомонӣ чун кумак барои Беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб ҷудо гардида, ҳамчунин бо мақсади дастрас намудани доруворӣ, сарулибоси тиббӣ ва маводи озуқаворӣ барои касалхонаҳои марказии ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоб 5 ҳазору 470 сомонӣ сарф карда шуд. “Инчунин 11 ҳазору 673 сомонӣ барои харидории қисмҳои эҳтиётӣ, 14 хазору 969 сомонӣ барои сӯзишворӣ, 3 ҳазору 348 сомонӣ барои хариди равғанҳои молиданӣ, дар маҷмӯъ 29 ҳазору 990 сомонӣ барои стансияи Ёрии таъҷилии шаҳри Хоруғ ва 3 ҳазору 900 сомонӣ ҷиҳати таъмири мошини Ёрии таъҷилии Беморхонаи касалиҳои рӯҳии вилоятӣ воқеъ дар ноҳияи Роштқалъа ҷудо гардид”, - гуфт ӯ.