Wn/tg/Ҳизби рӯ ба Аврупои Македонияи Шимолӣ ба ғалаба дар интихобот наздик шудааст
Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Ҳизби рӯ ба Аврупои Македонияи Шимолӣ ба ғалаба дар интихобот наздик шудааст
Ба назар мерасад, ки ҳизби рӯ ба Иттиҳоди Аврупои сотсиал-демократии Македонияи Шимолӣ барои пирӯзӣ дар интихоботи парлумонии 15 июл наздик шудааст. Дар паи шумориши 94 дарсади овозҳо гуфта шуд, ки Иттиҳоди сотсиал-демократии Македония (SDSM) дар интихоботи гузашта 36,13 дарсад ва рақибаш ҳизби ростгарои VMRO-DPMNE - 34,65 дарсади раъйи мардумро ба худ ихтисос додаанд. Агар ин натиҷаҳо тасдиқ шаванд, собиқ нахуствазир Зоран Заев ва SDSM ҳақи ташкили ҳукумати навро ба даст меорад. Македонияи Шимолӣ яке аз кишварҳои нодортарин дар қаламрави Аврупо ба самти узвият дар ИА ва НАТО ҳаракат мекунад. Заев худро пирӯз эълон карда гуфтааст, ки бо ҳизби хурди албанитаборҳо, ки аз VMRO-DPMNE дастикам се курсии бештари парлумонро бурдааст, эътилоф ташкил мекунад. Заев дар нишасти хабарии ҳизбаш гуфт: “Мо интихоботи сулҳомез, шоиста, озод, демократӣ ва амн барпо кардем”. Ҳизби албанитаборҳои Иттиҳоди демократии ҳамгироӣ бо 11,6 дарсади овозҳо дар мавқеи “тақдирсоз” қарор гирифт. Дигар ҳизбҳо натавонистанд аз 10 дарсад бештар овоз ба даст оваранд. Комиссиюни марказии интихобот гуфт, ки давоми рӯзи 16 июл таносуби курсиҳо дар парлумонро эълон мекунад.