Wn/tg/Ҳалокати 3 кас аз заҳролудшавӣ дар боздоштгоҳи Қазоқистон
Ҳалокати 3 кас аз заҳролудшавӣ дар боздоштгоҳи Қазоқистон
https://www.ozodi.org/a/30648398.html
Се сокини шаҳри Кокшетау, маркази маъмурии вилояти Акмолини Қазоқистон дар натиҷаи заҳролудшавии эҳтимолӣ дар боздоштгоҳи пулис ҷон бохтанд.
Сомонаи маҳаллии Kokshetau.asia 2 июн хабар дод, ки аз боздоштгоҳи пулиси Кокшетау ҷамъан 6 нафар бо "нишонаҳои заҳролудшавии шадид" ба беморхона интиқол дода шуд.
Ба огаҳии пулиси Акмолин, ин афрод, ки муҳлати ҳабси маъмуриро дар боздоштгоҳ якҷоя адо мекарданд, шаби 28 май бистарӣ шудаанд. Панҷ тани онҳо барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва яке бо ҷурми майдаавбошӣ дар ҳабси маъмурӣ қарор доштанд.
"То ба имрӯз се нафари боздоштшудаҳо ҷон бохта, се тани дигар дар бемористонанд. Ҳоло натиҷаи ташхиси судӣ-тиббиро мунтазир ҳастем", - гуфтанд дар идораи пулиси Акмолин.
Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Нақзи қоидаҳои беҳдоштӣ, ки аз беаҳамиятӣ боиси марги беш аз ду одам мегардад", парванда боз шудааст.