Jump to content

Wn/tg/Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунед. Ва ё ду садамаи мудҳиш дар як рӯз

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунед. Ва ё ду садамаи мудҳиш дар як рӯз

Баъд аз зуҳри 31 май дар километри 109 шоҳроҳи Душанбе — Дарвоз — Хоруғ, мавзеъи Шаҳидони ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Мошини тамғаи «Опел Астра», ки аз ҷониби сокини 51-солаи деҳаи Роҳрави ҷамоати деҳоти М.Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ идора мешуд, дучори садама шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ин мошин аз ноҳияи Сангвор ба самти ноҳияи Дарвоз дар ҳоли ҳаракат буд ва сабаби садама маълум нест. Бино ба нақли шоҳидон, он ба умқи тақрибан 80 метр ба дарёи Хумбов сарозер мешавад. Бар асари ин садамаи мудҳиш ду нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони ноҳияи Дарвоз бистарӣ шуданд. Яке аз ҷароҳатдидагон ронандаи мошин ва дуюмӣ мусофири он Амрулло Нодилёбов, сокини деҳаи Бунаи ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ мебошад. Фавтидагон Асланшоҳ Худоиев (сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Ванҷ), соли таваллудаш 1975, истиқоматкунандаи деҳаи Сайёди ноҳияи Сангвор ва Умар Худоиеви 9-сола, писари Асланшоҳ Худоиев мебошанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марги фоҷеабори сардори бахши Кумита дар ноҳияи Ванҷ Асланшоҳ Худоиев ва ҷигарбанди 9-солаи ӯ андӯҳгин буда, ба ин оила ҳамдардии худро баён медорад. Инчунин худи ҳамон рӯз, тахминан соати 21:15, дар километри 148, мавзеи Қурбошаҳиди шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб садамаи дигар рух дод. Мошини тамғаи «Опел», ки аз ҷониби сокини 54-солаи шаҳри Душанбе идора мешуд, ба ҷарии тақрибан 20 метр сарозер шуд. Ин мошин аз Душанбе ба самти ноҳияи Восеъ ҳаракат мекард ва шоҳидон мегӯянд, ки ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромада, дар натиҷа мошин ба ҷарӣ фурӯ рафтааст. Ронанда, ҳамсар ва писари 29-солааш ҷароҳат бардоштаанд. Дастаи махсуси зудамали наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Кӯлоб ин се танро аз дохили мошин берун оварда, ба беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ интиқол дод. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»