Wn/tg/Қарори Кохи Сафед дар бораи хориҷ кардани донишҷӯҳои хориҷӣ бекор шуд
Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Қарори Кохи Сафед дар бораи хориҷ кардани донишҷӯҳои хориҷӣ бекор шуд
Мақомоти ИМА қарор карданд, ки талаботи ҳатмӣ нисбати донишҷӯёни хориҷӣ дар заминаи тарки кишвар кардани онҳоро бекор кунанд. Қаблан гуфта мешуд, ки Кохи Сафед мехоҳад муҳассилони хориҷии донишгоҳу коллеҷҳоро дар сурати ба низоми таҳсили фосилавӣ гузаштани онҳо аз кишвар хориҷ кунад. “Садои Амрико” мегӯяд, ки бо сабаби зиёд будани даъвоҳои судии донишгоҳҳову мақомоти иёлоти мухталиф, Кохи Сафед ин нияташро бекор кард. Дар миёни донишгоҳҳои шикояткарда, аз ҷумла, Ҳарвард ва донишгоҳи технологии Массачусетс мебошанд. Маъмурияти донишгоҳҳо гуфтанд, ки амалҳои мақомоти кишвар ғайриқонунӣ буда ба ҷараёни таҳсил таъсири манфӣ мегузоранд. 20 иёлоти Амрико зидди ихроҷи донишҷӯҳои хориҷӣ садо баланд карданд. Даҳҳо ширкати калони мисли Google, Facebook ва Twitter ва коллеҷу донишгоҳҳо ба додгоҳҳо хулосаҳои коршиносонаи худро ирсол карданд, ки аз президент барқарор кардани сиёсати пешин нисбати донишҷӯҳои хориҷиро талаб мекард. Рӯзи сешанбе ҳангоми баррасии аризаи донишгоҳи Ҳарвард додраси додгоҳи ҳавзавии Массачусеств Эллисон Берроуз гуфт, ки маъмурияти ИМА ва ду донишгоҳи бонуфуз, ки Кохи Сафедро ба додгоҳ кашиданд, ба созиш омаданд, ки қоидаҳои қаблан қабулшуда бекор мегардад. Баррасии ин қазия дар додгоҳ ҳамагӣ чор дақиқа идома дошт. Раҳбарияти донишгоҳи Ҳарвард соли нави хонишро пурра ба низоми фосилавӣ мегузаронад. Президент Доналд Трамп, ки тирамоҳи имсол ҳамаи мактабҳоро боз карданӣ аст, нақшаи донишгоҳи Ҳарвардро “нодуруст” хонда буд. Дар донишгоҳҳои ИМА беш аз як миллион донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунад ва бисёр мактабҳои олӣ маҳз аз пулҳои ҳамин донишҷӯҳо вобаста ҳастанд, ки ҳар сол даҳҳо ҳазор долларашонро барои таҳсил харҷ мекунанд. Бовар меравад, ки дар муассисаҳои таълимии ИМА ҳазорҳо донишҷӯ аз Тоҷикистон ҳам таҳсил мекунанд ва дар давраи пандемияи коронавирус ду ҳавопаймои чартерӣ хоҳишмандони бозгашт аз Амрико ба Тоҷикистонро ба Душанбе интиқол дода буд.