Wn/tg/Қарзи хориҷии Қирғизистон ба 56,2 дарсади ММД расидааст

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Қарзи хориҷии Қирғизистон ба 56,2 дарсади ММД расидааст

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ[edit | edit source]

Қарзи хориҷии Қирғизистон ба 56,2 дарсади ММД расидааст[edit | edit source]

Вазорати молияи Қирғизистон хабар дод, ки то 31-уми июли имсол қарзи давлатии хориҷии ин кишвар ба беш аз 4 миллиарду 169 миллион доллар расидааст.


"Корҳо барои коҳиши сатҳи вобастагии хориҷӣ ба таври доимӣ идома доранд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.


Мизони қарзи хориҷии Қирғизистон соли 2019 то ба 45,5 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) кам карда шуда буд, вале соли равон ба далели пандемияи коронавирус он дубора ба 56,2 дарсади ММД расидааст.


Вазорати молияи Қирғизистон хабари вакилони порлумон дар бораи онро ки гӯиё соли равон қарзи хориҷии ин кишвар 1 млрд доллар зиёд шудааст, рад мекунад. Ба иттилои вазорат, Қирғизистон имсол 337 млн доллар кумаки молӣ дарёфт кардааст, ки танҳо 269 миллиони он қарз аст.