Wn/tg/Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар мавриди вазъи Белорус эъломия қабул кард
Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ
[edit | edit source]Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар мавриди вазъи Белорус эъломия қабул кард
[edit | edit source]Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди вазъи Белорус эъломия қабул кард. Дар он дар хусуси даҳҳо ҳолати таҳқири инсон, дуздӣ, ихроҷи одамон ва зӯроварии ҷинсӣ зикр карда шудааст, ки аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба тазоҳургарони мусолиматомез сурат гирифтааст. Кишварҳои узви Шӯро даъват карданд, ки дар Белорус зӯроварӣ нисбат ба тазоҳургарон қатъ шуда, ба боздоштҳои худсарона хотима диҳанд ва маҳбусони сиёсиву журналистҳо, ҳомиёни ҳуқуқ ва афроди дигареро, ки дар ҷараёни гирдиҳамоӣ боздошт шудаанд, озод кунанд. Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз ҳукумати Белорус даъват намуд, ки бо мухолифини сиёсиаш паси мизи музокира нишинад. Рӯзи ҷумъа дар ҷараёни баррасии вазъи Белорус иштирокдорони Шӯрои ҳуқуқи башар барои тасдиқи ҳолатҳои таҳқиру зӯроварӣ ва нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон талаб карданд, ки гуруҳи нозир ҷалб карда шавад. Дар ин бора номзади собиқ ба мақоми президентии Белорус Светлана Тихановская ҳангоми суханронии онлайни худ зикр кард. Вай зарурати дахолати ҷомеаи ҷаҳониро ба Белорус таъкид кард, аммо намояндаи расмии Минск дар Женева гуфт, дар Белорус маҳбуси сиёсӣ нест ва нисбат ба тазоҳургарон зӯроварии ҷинсӣ сурат нагирифтааст.