Wn/tg/Шумори гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон аз 3800 гузашт, омори талафот бетағйир аст

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Шумори гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон аз 3800 гузашт, омори талафот бетағйир аст

Шумори гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон аз 3800 гузашт, омори талафот бетағйир аст Радиои Озодӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар шабонарӯзи гузашта 121 каси дигар ба коронавируси нав гирифтор шуданд ва шумори умумии беморон то 30-юми май ба 3807 нафар расид.

Мақомот мегӯянд, то ин дам беш аз 1800 нафар аз бемории ҳамагир шифо ёфтаанд.

Ба иттилои расмӣ дар чаҳор рӯзи гузашта касе аз коронавируси нав нафавтидааст. Теъдоди расмии ҷонбохтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон 47 нафар аст, вале дар феҳрасти ғайрирасмӣ дар Интернет шумори ҷонбохтагон аз коронавирус ва "илтиҳоби шуш" то 30-уми май зиёда аз 360 кас ҳисоб шудааст.

Ин феҳрастро бар асоси хабари расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои наздикони фавтидагон таҳия мекунанд. Мақомот рӯйхати алтернативиро қабул надоранд ва дастрасӣ ба онро дар ҳудуди кишвар масдуд кардаанд.