Jump to content

Wn/tg/Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон беш аз 6,3 миллион нафар гардид

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон беш аз 6,3 миллион нафар гардид

Дар саросари ҷаҳон шумораи гирифторони намуди нави коронавирус (COVID-19) беш аз 6,3 миллион нафар гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ). То субҳи 2 июн дар саросари ҷаҳон 6 366 197 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус сабт шудааст. Теъдоди мавридҳои фавт аз COVID-19  377 437 ва шумораи шифоёфтагон 2 903 605 мебошад. Аксари ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 1 859 323. Аз ин теъдод дар Иёлоти Муттаҳида 106 925 нафар вафот кардаанд ва 615 ҳазору 416 нафар шифо ёфтаанд. Ба қатори кишварҳое, ки шумораи гирифторони ин сироят беш аз 20 ҳазор нафар аст, Бразилия (529 405), Россия (414 878), Испания (286 718), Британияи Кабир (276 332), Италия (233 197), Ҳиндустон (198 370), Франсия (189 220), Германия (183 765), Перу (170 039), Туркия (164 769), Эрон (154 445), Чили (105 159), Мексика (93 435), Канада (91 705), Арабистони Саудӣ ( 87 142), Чин (83 022), Покистон (72 460), Белгия (58 517), Қатар (58 433), Бангладеш (49 534), Нидерланд (46 545), Беларус (43 403), Эквадор (39 098) ), Шветсия (37 814), Сингапур (35 292), Аморати Муттаҳидаи Араб (35 192), Африқои Ҷанубӣ (34 357), Португалия (32 700), Швейтсария (30 871), Колумбия (30 493), Кувайт (27 762), Индонезия (26 940), Миср (26 384), Ирландия (25 062), Полша (24 165) ва Украина (24 012) дохил мешаванд. Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (615 416 нафар), Бразилия (211 080), Испания (196 958), Россия (175 877), Германия (165 900), Италия (158 355), Туркия (128 947), Эрон (121 004), Ҳиндустон (95 754) ва Чин (78 315) шифо ёфтаанд. Ба даҳгонаи давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ба ҷуз аз ИМА ҳамчунин Британияи Кабир (39 045), Италия (33 475), Бразилия (30 046), Франсия (28 833), Испания (27 127), Мексика (10 167), Белгия (9 486), Германия (8 618) ва Эрон (7 878) шомил мебошанд. Ёдовар мешавем, ки пандемия охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани музофоти Ҳубейи Чин бо ошкор гардидани аввалин ҳолатҳои илтихоби шуши пайдоишаш номаълум оғоз ёфт. 31 декабри соли 2019 мақомоти Чин дар бораи ин беморӣ СУТ-ро огоҳ кард. 30 январ СУТ хуруҷи коронавируси навро ҳамчун як ҳолати фавқулодаи тандурустии ҷомеаи байналмилалӣ эътироф намуд. 11 марти соли 2020 СУТ эълом кард, ки ин беморӣ пандемия гардид.