Jump to content

Wn/tg/Шикасти бузурги Сарбанд

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Шикасти бузурги Сарбанд

Дастаи "Дӯстӣ"-и ноҳияи Ҷайҳун дирӯз дар бозии даври 1-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюм дар вилояти Хатлон дар майдони худ бо тими "Сарбанд"-и шаҳри Левакант андари майдони рақобат шуд, ки бозингарони тими 'Дӯстӣ" бо ҳисоби калони 8:1 зафар ёфтанд.

Дар ҳамин ҳол, дастаи дигари лигаи дуюм - «Чашма»-и ноҳияи Шаҳритӯз дар майдони худ бо тими «Кӯшон»-и ноҳияи Кӯшониён дидор анҷом дод. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Шаҳритӯз доир гашт, ки бозӣ бо ҳисоби 2:2 мусовӣ хотима ёфт. 
Ҳамчунин, дар ин давр дастаи «Мунк»-и ноҳияи Ховалинг ва «Сурхоб»-и ноҳияи Темурмалик миёни ҳам рақобат намуданд, ки дар ин бозӣ низ ғолиб муайян нашуд. Чунки дидори дастаҳо бо ҳисоби 2:2 мусовӣ ҷамъбаст гардид ва тимҳо имтиёзро миёни ҳам тақсим намуданд. 
“Дӯстӣ”- “Сарбанд” 8:1 
“Чашма” - “Кӯшон” 2:2 
“Мунк” - “Сурхоб” 2:2 
Хадамоти матбуотии Федератсияи футболи вилояти Хатлон