Wn/tg/Шарафҷон Солеҳов "Файзканд" –ро аз бохт наҷот дод
Дар даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон дастаҳои "Файзканд"-и ноҳия Восеъ ва "Душанбе 83"-и пойтах байни ҳам рақобат намуданд. Дидори дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб доир шуд. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 16-уми нерӯсанҷӣ футболбози дастаи "Душанбе 83" – Люк Менҷана Леонел боз намуд. Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 0:1 ба охир расид ва дастаҳо ба танаффус рафтанд. Дар қисми дуюми бозӣ аниқтараш дар дақиқаи 72-юм футболбозони дастаи меҳмон қоидаи бозиро дар ҷаримагоҳи худ вайрон намуданд ва довар ҷониби дарвозаи онҳо пеналтӣ таъйин кард. Аз ин вазъият футболбози дастаи "Файзканд" – Шарафҷон Солеҳов самаранок истифода бурда тӯбро вориди тӯри дарвозаи меҳмонон намуд ва ҳисоби бозиро 1:1 мусовӣ намуд. Рақобати дастаҳо бо ҳамин натиҷа хотима ёфт ва ҳарду бошгҳҳо соҳиби як имтиёзи гардиданд.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 16-ум
«Файзканд» – «Душанбе-83» – 1:1
Голҳо: Люк Менҷана Леонел, 16 (0:1). Шарафҷон Солеҳов, 72 – пеналти (1:1).
- Wn/tg
- Wn/tg/19 сентябри 2020
- Wn/tg/19 сентябр
- Wn/tg/Соли 2020
- Wn/tg/Сентябри 2020
- Wn/tg/Варзиш ТВ
- Wn/tg/Тоҷикистон
- Wn/tg/Шарафҷон Солеҳов
- Wn/tg/Бошгоҳи футболи "Файзканд"
- Wn/tg/Тими футболи "Душанбе-83"
- Wn/tg/Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол
- Wn/tg/Лигаи олии Тоҷикистон
- Wn/tg/Ноҳияи Восеъ
- Wn/tg/Ноҳияи Кӯлоб
- Wn/tg/Душанбе