Wn/tg/Хадамоти иҷро: нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта иҷроиши санадҳо 9,3 % зиёд мебошад

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Хадамоти иҷро: нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта иҷроиши санадҳо 9,3 % зиёд мебошад

АМИТ "Ховар" Хадамоти иҷро: нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта иҷроиши санадҳо 9,3 % зиёд мебошад

ДУШАНБЕ, 17.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он дар маҳалҳо 23080 мавод ва арзу муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои таъмини иҷрои санадҳои судӣ ва  дигар мақомот ворид гардидааст. Аз ин шумора, дар самти иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот 22 588 (2019 – 25 887) ҳуҷҷати иҷро, аз ҷумла 17 537 адади он аз мақомоти судӣ, 5020 адад аз дигар мақомот ва 31 навиштаҷоти нотариалӣ ворид гардида, тибқи талаботи онҳо истеҳсолоти иҷро оғоз карда шудааст. Бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ дар давраи ҳисоботӣ иҷрои воқеии 17320 ҳуҷҷати иҷро ё 67,3% ҳуҷҷатҳои иҷро таъмин гардидааст, ки назар ба  ҳамин давраи соли гузашта иҷроиши воқеӣ 9,3 % зиёд мебошад. Дар ин бора сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Сайдвализода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ҳамзамон рӯёниш дар самти барқарор намудани  маблағҳои зарари расонидашуда ва ҷарима ба манфиати давлат ба маблағи 8 824 087,56 сомонӣ рӯёнида шуда, ғайр аз ин маблағҳо, инчунин маблағи 2 311 049, 45 сомонӣ, 178 450 рубли Федератсияи Россия, 189 639 доллари ИМА, 2 875 евро ва 200 юани Ҷумҳурии Мардуми Чин ҳамчун маблағҳои ба манфиати давлат мусодирашуда ба буҷети ҷумҳуриявӣ интиқол дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар сохтори Хадамот бахши пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ фаъолият менамояд, ки он бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил карда шудааст. Айни замон ба ин феҳрист 1 922 шахсони воқеӣ ва 130 шахси ҳуқуқӣ ворид карда шудааст.

Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки Хадамоти мазкур бо назардошти  таҷрибаи давлатҳои пешрафта, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Арманистон дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ва ҷорӣ намудани ҳуҷҷатгузории электронӣ, инчунин  бо ҷалби мутахассисони бо таҷрибаи ватанӣ баҳри дар амал татбиқ намудани “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011  тасдиқ шудааст,  дар самти ҷорӣ намудани ҳуҷҷатгузории электронӣ ва ташкили низоми ягонаи байниидоравии электронӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.