Jump to content

Wn/tg/Фаъолияти шабонарӯзии марказҳои саломатӣ пурзӯр мегардад

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Фаъолияти шабонарӯзии марказҳои саломатӣ пурзӯр мегардад

Имрӯз дар ҳошияи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли сирояти коронавируси нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳлил ва натиҷагирӣ аз вазъи бемории COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Дар ҷаласа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Саида Умарзода, Азиз Одиназода, Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, сардорони хадамот ва раёсатҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаро ба ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 20 майи соли равон зимни вохӯрӣ бо кормандону роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ дода буданд, ҷалб намуд. Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳои назорати беморони гирифтори COVID-19, пурзӯр намудани фаъолияти шабонарӯзии марказҳои саломатӣ, таъмини беморхонаҳо бо маводи доруворӣ ва назорати қатъии тақсимоти маводи доруворӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар анҷоми ҷаласа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба сардорони хадамот ва раёсатҳои зерсохтори вазорат дастуру супоришҳои мушаххас дод. Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»