Jump to content

Wn/tg/Туфайли он ба деҳқони асил, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов шарафи бузург насиб гардид – Пешвои миллат ба хонаи ӯ ташриф оварданд

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Туфайли он ба деҳқони асил, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов шарафи бузург насиб гардид – Пешвои миллат ба хонаи ӯ ташриф оварданд

АМИТ "Ховар" БАРАКАТИ ЗАМИН. Туфайли он ба деҳқони асил, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов шарафи бузург насиб гардид – Пешвои миллат ба хонаи ӯ ташриф оварданд

ДУШАНБЕ, 17.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки меҳнати содиқонаи сокинони мамлакат дар самти истифодаи мақсадноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ на танҳо фаровонии маҳсулоти кишоварзиро  дар бозорҳои ҷумҳурӣ  таъмин менамояд, балки барои баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии онҳо мусоидат менамояд.  Далели ин гуфтаҳо фаъолияти намунавии деҳқони асил,  сокини деҳаи «Заркор»-и Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов Ғулом Тӯрабоев мебошад. Заҳмати шабонарӯзӣ ва истифодаи оқилонаи ҳар қитъа замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷоти ин оиларо бо маҳсулоти кишоварзӣ ва гӯшту шир таъмин намуда, аз баракати заминдорӣ рӯзгори хуш доранд. Онҳо оилавӣ дар замин меҳнат мекунанд.

Дар урфият мегӯянд, ки «Ҳунарманд ҳар куҷо бувад  сарфароз». Ҳамин ҳунармандӣ ва самараи меҳнати ҳалол буд, ки ба ин хонавода шарафи бузур насиб гардид. 2 июли соли равон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии Ғулом Тӯрабоев шинос шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои самараноку оқилона истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба аҳли оилаи Ғулом Тӯрабоев лавозимоти рӯзгор, аз қабили яхдон, телевизор ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.

Ғулом Тӯрабоев 0,18 гектар замин дорад. Дар масоҳати 0,09 гектари он  гармхона ташкил намуда, дар 0,03 гектар лимӯ, 0,03 гектар помидор ва 0,03 гектари дигар бодиринг кишт намудааст. Қитъаҳои дигари замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби ин оила самаранок истифода гардида, ҳамеша ҳосили фаровон ба даст меоранд. Ташкили гармхона ва аз як қитъа замини наздиҳавлигӣ гирифтани се-чор ҳосил шаҳодати истифодаи мақсадноки замин аз ҷониби  ин деҳқони асил  мебошад. Ҳамчунин ин деҳқони соҳибтаҷриба бо мақсади истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ дар байни қаторҳои ниҳолҳои лимӯ, ки дар гармхона парвариш карда мешаванд, маҳсулоти лубиёгӣ кишт карда, ҳосили зиёд ба даст меорад.

Оилаи  Тӯрабоев  дар чорводорӣ низ муваффақияти зиёд дорад. Онҳо 13 сар чорвои хушзот парвариш менамоянд ва аз ин ҳисоб манфиати зиёд мебинанд.

https://web.archive.org/web/20200717175654/https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/07/Peshvoi-millat-muhtaram-Emomali-Rahmon1.jpg ДАР АКС: Шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов, 2 июли соли 2020 Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи ин деҳқони асил дар истифодаи замин баҳои баланд дода, бори дигар аз муҳимияти захираи маҳсулоти ғизоӣ барои ду сол, саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмини рушди соҳаи кишоварзии мамлакат дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Ҳамчунин дар ҳамин ҷо Ғулом Тӯрабоев ба хотири муарифии натиҷаи самараи ба дастовардаи аҳли оилааш намоишгоҳ ташкил намуда, дар он номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ, зардолу ва олуча ба маъраз гузоштанд.

Рӯзгор ва таҷрибаи  деҳқони заҳматкаш Ғулом Тӯрабоев ва аҳли оилаи ӯ барои дигар кишоварзони мамлакат намунаи ибрат аст. Рухсораи НУР, АМИТ «Ховар»