Wn/tg/Трамп қонунҳои муҷозоткунандаи Чинро дар робита бо Ҳонгконг имзо кард

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Трамп қонунҳои муҷозоткунандаи Чинро дар робита бо Ҳонгконг имзо кард

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Трамп қонунҳои муҷозоткунандаи Чинро дар робита бо Ҳонгконг имзо кард

Президенти ИМА Доналд Трамп қонун ва як амреро имзо кард, ки   бар асоси он Чин барои мудохилаи “ситамгарона” ба мухторияти Ҳонгконг таҳрим мешавад. Дар як нишасти хабарии рӯзи 14 июл Трамп гуфт, ки бар асоси амри имзокардааш шароити имтиёзноки тиҷорат, ки бо Ҳонгконг роҳандозӣ шуда буд, аз байн меравад. Трамп гуфт: «Имрӯз ман инчунин фармоне имзо   кардам, ки муносибати имтиёзноки ИМА нисбат ба Ҳонгконг хотима меёбад. Ҳонгконг акнун ҳамчун як бахше аз Чин арзёбӣ хоҳад шуд. На имтиёзи хос, на муомилаи вижаи иқтисодӣ ва на содироти фанновариҳои ҳассос сурат нахоҳад гирифт. Илова ба ин, тавре хабар доред, мо нисбати Чин тарруфаҳои азим ҷорӣ мекунем. Ин чиз бо Чин аввалин бор сурат мегирад". Трамп инчунин гуфт, ки қонун дар бораи мухторияти Ҳонгконгро имзо кард, ки пештар аз ҷониби Конгресс қабул шуда буд. Ин санад ходимони полиси Ҳонгконг ва мақомоти чиниро ҳадаф қарор медиҳад, ки қонуни нави амнияти миллии Пекинро дар ин минтақаи молии махсус татбиқ мекунанд. Инчунин қонуни ИМА  дар сурати баҳам задани мухторияти Ҳонгконг таҳрими бонкҳоро иҷоза медиҳад. Бо вуҷуди даъват ва ҳушдорҳои ИМА, Пекин қонуни амнияти миллиро имзо кард, ки барои қонуншиканиҳое дар Ҳонгконг муҷозоти ҷиноӣ пешбинӣ мекунад. Ин қонун принсипи “як кишвар ва ду низом”-ро ба ҳам мезанад, ки соли 1997 ҳангоми аз Бритониё ба Чин гузаштани Ҳонгконг мувофиқа шуда буд. Иқдомҳои ахири ИМА ба равобити бе ин ҳам пуршиддати ИМА ва Чин афзудааст.