Jump to content

Wn/tg/Теъдоди гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон аз марзи 4000 нафар гузашт

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Теъдоди гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон аз марзи 4000 нафар гузашт

Теъдоди гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон аз марзи 4000 нафар гузашт https://www.ozodi.org/a/%D0%B3%D0%B8%D1%80%D0%B8%D1%84%D1%82%D0%BE%D1%80%D0%BE%D0%BD%D0%B8-%D1%81%D0%BEvid-19-%D0%B4%D0%B0%D1%80-%D1%82%D0%BE%D2%B7%D0%B8%D0%BA%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%BE%D0%BD-%D0%B7%D0%B8%D1%91%D0%B4-%D1%88%D1%83%D0%B4%D0%B0%D0%B0%D0%BD%D0%B4/30646586.html

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар шабонарӯзи гузашта 83 гирифтори нави COVID-19-ро сабти ном кардааст ва то рӯзи 1-уми июн теъдоди умумии беморон ба 4013 нафар расид. Ба иттилои расмӣ, айни замон бештар аз 1814 нафар таҳти муоина қарор доранд ва талафот аз ҳамон 47 нафари чанд рӯзи пеш зиёд нашудааст. Дар баёнияи расмии вазорат, ки дар вебсайташ нашр кард, омадааст, “, дар як шабонарӯзи охир 201 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.”


Мутахассисон ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторону талафот аз беморӣ дар Тоҷикистон зиёд бошад. Бар асоси феҳрасти ғайрирасмӣ дар Интернет шумори ҷонбохтагон аз коронавирус ва "илтиҳоби шуш" бештар аз 300 нафарро ташкил медиҳад. Ин феҳрастро бар асоси хабари расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои наздикони фавтидагон таҳия мекунанд.


Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки ҳукумат ва вазорат тамоми чораҳоро барои пешгирӣ аз CОVID-19 ва табобати беморон меандешад. Коронавируси нав, ки охири соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин кашф шуд, то кунун ба беш аз 6.2 миллион нафар дар саросари ҷаҳон сироят карда, беш аз 372 ҳазор касро куштааст.