Jump to content

Wn/tg/Тасарруфи молу мулки ғайр барои омода намудани ҳуҷҷатҳои расмӣ

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Тасарруфи молу мулки ғайр барои омода намудани ҳуҷҷатҳои расмӣ

Қаюмов Ҳусейн Абдуллоевич дар вазифаи Директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ноҳияи Деваштич кор карда истода, бо маслиҳати пешакӣ бо омӯзгори МТМУ №2-и шаҳри Истаравшан Маҷидов Фатулло Бобоҷонвич ва шаҳрванд Бобоев Нодир Пулотович моҳи феврали соли 2020 аз шаҳрванд Ҷуразода Ш.Ш. барои ба ӯ бидуни таҳсил омода кардани додани шаҳодатномаи хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, маблағи 5000 сомонӣ талаб карда гирифта, бар ивази он ба охирин шаҳодатномаи қалбакиро додааст. Инчунин, Қаюмов Ҳ.А. дар якҷоягӣ бо Бобоев Н.П. бо тарзу усули болозикр моҳи феврали соли 2020 аз шаҳрванд Ҷуразода Ш.Ш. барои ба номи шиносаш - Ғаффоров Б.Б. омода кардани додани дипломи хатми Омӯзишгоҳи касбии шаҳри Исфара, маблағи 4000 сомонӣ талаб карда гирифта, тасарруф намудаанд. Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати Қаюмов Ҳ.А., Маҷидов Ф.Б. ва Бобоев Н.П. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад. Маркази матбуоти Агентӣ. Манбаъ: Сомонаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ