Jump to content

Wn/tg/Созмонҳои ҷамъиятӣ аз Хадамоти алоқа хостанд қатъ шудани интернетро расман шарҳ бидиҳад

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Созмонҳои ҷамъиятӣ аз Хадамоти алоқа хостанд қатъ шудани интернетро расман шарҳ бидиҳад

Гуруҳе аз созмонҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон ва расонаӣ бо ирсоли як номаи расмӣ, ки нусхае аз он дар ихтиёри "Asia-Plus" қарор гирифт, ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин ниҳод хостаанд, ки қатъ шудани дастрасӣ ба шабакаи Интернет, тақрибан аз соати 19.40 то 20.51-и шаби 16 сентябр дар тамоми қаламрави кишварро, расман шарҳ диҳад. Дар ин нома, ҳамчунин аз ин ки то кунун ҳеч шарҳи расмӣ ё изҳороти сохторҳои марбута манзури омма нашудаст, изҳори таассуф кардаанд.

Дар ин нома, ки зери он созмонҳое чун “Маркази мустақил оид ба ҳифзу ҳуқуқи инсон”, “Дунёи ҳуқуқ”, “Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон” ва чанд вакили дифоъ имзо гузоштаанд, гуфта мешавад, ки “дастрасӣ ба Интернет барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои дигар, алалхусус ба таҳсил, ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, инчунин озодии иттиҳодияҳо ва васоити ахбори омма зарур” аст.

Муаллифони нома гуфтаанд, ки “Созмони миллаи Муттаҳид ҳуқуқи дастрасӣ ба Интернетро ҳамчун ҳуқуқи ҷудонашаванди инсон эътироф кардааст. Ҳамин тариқ, аз моҳи июни соли 2011 канда шудани минтақаҳои мушаххас аз шабакаи ҷаҳонии интернет нақзи ҳуқуқи инсон дониста мешавад”. Ҳамчунин ба навиштаи ин мактуб дастрасӣ ба Интернет ҳамчунин шомили дигар санадҳои байналмилалӣ низ гаштааст, ки кишварҳои узвро барои таъмини ин ҳақ водор мекунад. Муаллифон бе далел қатъ шудани интернетро маҳрум намудани ҳаққи дастрасӣ ба иттилоот ва хилофи қонунгузориҳои милливу байналмилалӣ донистаанд.


Дар ин нома изҳори нигаронӣ шудааст, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор бе огоҳии пешакӣ қатъ кардани интернет сару садоҳои гуногунро дар ҷомеа ба бор меорад ва ба соҳаи иқтисоди кишвар зарар мерасонад.

Дар поёни ин мактуб муаллифони нома аз Хадамоти алоқа хостаанд, ки далелҳои расмии қатъ шудани Интернетро дар як посухи хаттӣ шарҳ диҳад.

Бояд гуфт, ки шаби 16-уми сентябр, тақрибан аз соати 19.40 то 20.51 дастрасӣ ба интернет дар тамоми қаламрави Тоҷикистон аз сӯйи ҳамаи ширкатҳои таъминкунандаи интрент қатъ шуд, ки то ҳанӯз далели расмӣ ва асосии он гуфта нашудааст. Бархеҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо далели қатъ шудани интернетро ба суханронии Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ рабт додаанд, ки дар ҳамин замон дар донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА суханронӣ доштааст.