Wn/tg/Сарвазири ҶТ дар машварати виртуалии видеоии сатҳи баланд оид ба маблағгузорӣ барои рушд дар давраи COVID-19 иштирок ва суханронӣ намуд

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Сарвазири ҶТ дар машварати виртуалии видеоии сатҳи баланд оид ба маблағгузорӣ барои рушд дар давраи COVID-19 иштирок ва суханронӣ намуд

28 май Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар машварати сатҳи баланди виртуалӣ таҳти унвони «Маблағгузорӣ барои рушд дар даврони COVID-19 ва марҳалаҳои минбаъда» ширкат ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, ки чорабинии мазкур бо ибтикори Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо ва Сарвазири Ҷамайка Эндрю Холнесс доир карда шуд. Дар машварат ҳайатҳои намояндагии давлатҳои узви СММ, аз ҷумла роҳбарон ва сарвазирони Тоҷикистон, Олмон, Франсия, ҶАҶ, Япония, Италия, Британияи Кабир, Покистон , Қирғизистон, Беларус, Арабистони Саудӣ ва ғайра, инчунин роҳбарони Хазинаи байналмилалии асъор, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар институтҳои молиявии ҷаҳон ширкат варзиданд. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш дар машварат оид ба иқдомҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар заминаи пешгирии шуюи бемории ҳамагири COVID-19 ва паёмадҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии он ба кишвар изҳори назар кард. Машварат дар се бахш гузаронида шуд. Дар Бахши аввал роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо оид ба омодагии худ дар роҳи мусоидат ба ҳалли масоили глобалӣ ҷиҳати мубориза бо буҳрони иқтисодӣ ва оқибатҳои он барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ изҳори назар намуданд. Дар Бахши дуюм роҳбарони сохмонҳои байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Бахши сеюм низ бо иштироки роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо сурат гирифт ва ба андешидани тадбирҳои зарурӣ рабт дошт. Дар машварати виртуалии видеоии сатҳи баланд қарору тасмимҳои вобаста ба вазъи фавақулодаи бар асари пандемияи COVID-19 баамаломада ва рафъи оқибатҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»