Wn/tg/Русия парвозҳои мустақимро эҳё мекунад, вале на бо Тоҷикистон

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Русия парвозҳои мустақимро эҳё мекунад, вале на бо Тоҷикистон

Русия аз 21 сентябр бо Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон парвозҳои мустақимро аз сар мегирад. Ин тасмимро Ситоди марбут ба пешгирӣ аз коронавируси ин кишвар гирифтааст, гуфтааст хабаргузории расмии ТАСС.

Русия парвозҳои байналмилалияшро ба шаҳрҳои Бишкеки Қазоқистон, Нурсултони Қазоқистон ва Мински Белорус эҳё мекунад. Ҳамчунин Русия аз 27 сентябр ҳамлу нақли ҳавоияшро бо Куриёи Ҷанубӣ ҳам аз сар мегирад.

Ин парвозҳо аз ҳар ду тараф дар як ҳафта як бор сурат мегиранд. Ҳамчунин сар аз 21 сентябр дар Русия барои шаҳрвандони ин кишвар дигар парвозҳои содиротӣ ташкил намешаванд.

Ин дар ҳолест, ки ширкати ҳавонавардии Узбекистон фурӯши озоди билетро барои парвозҳои чартерӣ аз Тошканд ба Маскав эълон кардаст.