Wn/tg/Роналду ҷоизаи навбатиашро ба даст овард

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Роналду ҷоизаи навбатиашро ба даст овард

Форварди 35-солаи мунтахаби Португалия ва бошгоҳи “Ювентус”-и Италия Криштиану Роналду бори 5-ум дар корномаи худ бо ҷойзаи Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS ) сарфароз гардонида мешавад. Роналду қаблан дар солҳои 2013, 2014, 2016, 2017, 2019 низ соҳиби ин ҷойза гардида буд.

Футболбози мазкур дар саҳифаи расмии худ навиштааст, ки «Аз он, ки бори дигар соҳиби ҷойзаи IFFHS World’s Best International Top Goal Scorer 2019 шудам хушҳолам»

Ҷойзаи IFFHS World’s Best International Top Goal Scorer дар тӯли соли тақвимӣ ба нишонзани беҳтарини мусобиқаҳои байналмилалӣ ва аврупоӣ пешниҳод карда мешавад. Ҷойза баъд аз он ба Роналду тақдим шуд, ки ӯ давоми соли 2019 дар Лигаи Чемпионҳо бо “Ювентус” ва дар ҳайати тими миллии Португалия дар маҷмуъ 21 гол зад.