Wn/tg/Риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ дар тарабхонаву ошхонаҳои пойтахт дар давраи пандемияи COVID-19
Аз ҷумла зимни гузаронидани корҳои назоратии Раёсатӣ аз ҷониби милитсияи пойтахт оид ба муйян намудани ҳолати риояи беҳдошти шахсӣ, истифодаи ҳароратсанҷ, қабули мизоҷон ва дигар паҳлуҳои ба ин масъала рабтдошта дар тарабхонаву қаҳвахона ва ошхонаҳои шаҳри Душанбе маълум гашт, ки дар аксарият ошхонаву тарабхонаҳо ин қоидаҳо ба куллӣ риоя намешаванд.
Масалан дар тарабхонаи «Мерве», ки филиали он яке дар кӯчаи «Дӯстии халқҳо» ва дигаре дар хиёбони «Рӯдакӣ» мавҷуд аст, ҳангоми назорати оперативӣ маълум гашт, ки бо воридщавии мизоҷон ба тарабхона ҳарорати онҳо санҷида намешаваду дастҳояшон низ бо маҳлулҳои антисептикӣ безарар намегардад.
Доир ба иҷро нагардидани ин ҳолатҳо аз кормандон пурсон шудем, вале ҳар гуна баҳона меҷустанду ҷавоби аниқ надоданд. Ҳамчунин баъзе аз пешхизматон бе ниқобу дастпӯшак фаъолият мекарданд.
Ҳолати аз ин бадтараш дар ошхонаи «Шифо» воқеъ дар кӯчаи Назаршоеви ноҳияи Шохмансур ошкор гашт. Набудани ҳароратсанҷ, бе дастпӯшаку ниқоб кор кардани хизматгорон ва ифлос будани зарфҳои истифодабаранда ҳолати нигаронкунанда мебошад.
Дар чойхонаи «Яхмос» воқеъ дар кӯчаи «Дӯстии халқҳо» ва сихкабоби «Тахтача» дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Шохмансур, ошхонаи «Фарел Хаус» ва ошхонаи «Озода» дар кӯчаи Лоиқ Шералии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, тарабхонаи «Сафо» дар кӯчаи Носири Хусрав ва чанди дигаре маконҳои хӯроки умум одитарин қоидаҳои санитарии аз ҷониби Ситоди ҷумҳуривӣ пешбинишударо риоя намакунанд.
Гарчанде дар баъзе ин ошхонаву тарабхонаҳо маҳлулҳои антисептикӣ ва ҳароратсанҷ вуҷуд дошт, вале мутаассифона чун намоиш дар гӯшае монда шуда, умуман истимфода бурда намешуданд.
Зимни ошкор кардани ҳолатҳои ғайристандартӣ дар ин маконҳо аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо масъуин корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.
Раёсати ВКД дар шаҳи Душанбе вобаста ба ҳолати мазкур аз кулли шаҳрвандон махсусан соҳибмулкони ошхонаву тарабхона, қаҳвахонаву дигар маконҳои хӯроки умум даъват ба амал меоварад то дар ин лаҳзаҳо ҳама якҷоя қоидаҳои санитариро риоя намуд ва беаҳмиятиро дур сохта, солимии худ ва аҳли ҷомеаро дар мадди аввал бояд гузошт.
Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия
Манбаъ
[edit | edit source]https://vkd.tj/index.php/tj/ruydodho/27844-rioya-nagardidani-oida-oi-be-dosht-dar-tarabkhonavu-oshkhona-oi-pojtakht-dar-davrai-pandemiyai-covid-19 Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон