Wn/tg/Рекорди нави рӯзонаи олудагӣ ба коронавирус дар ИМА
Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Рекорди нави рӯзонаи олудагӣ ба коронавирус дар ИМА
Дар ИМА рекорди нави олудашавии рӯзона ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Рӯзи 16 июл 77 ҳазор нафари нав ба вирус олуда шуда як ҳазор нафар ҷони худро аз даст дод. Флорида, Каролинаи Ҷанубӣ ва Техас омори рекордии якрӯзаи олудашавиро ба қайд гирифта ба ҳафт иёлоти дигар илова шуданд. Дар маҷмӯъ дар ИМА аз замони шурӯи пандемияи коронавирус 3,6 миллион ҳолати олудагӣ ва 138 ҳазор ҳолати марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Эҳтимол дорад, ки омори рӯзонаи олудашавӣ ба коронавирус базудӣ то 100 ҳазор нафар бирасад ва бисёр иёлоте, ки иқтисодҳои худро боз кардаанд, тасмимашонро бозбинӣ мекунанд. Масъалаи боз кардани иқтисоду мактабу донишгоҳҳо ваё баста нигоҳ доштани онҳо то рафт ҷомеаро ду тақсим мекунад. Дар саросари ҷаҳон шумори ҳолатҳои тасдиқшудаи гирифторӣ ба коронавирус 13,8 миллион нафарро ташкил дода, ҳалокати инсонҳо то 590 ҳазор нафар расидааст. Дар нуқоти дигари ҷаҳон вазъ аз назари коронавирус дар Африқои Ҷанубӣ, Мексика, Чили, Ҳинд ва Бразилия бахусус нигаронкунанда мебошад.