Wn/tg/Парвозҳои дохилӣ дар Қирғизистон аз сар гирифта мешаванд
Парвозҳои дохилӣ дар Қирғизистон, ки дар пайи густариши коронавируси нав қатъ гашта буданд, 5-уми июни имсол аз сар гирифта хоҳанд шуд. Ҳамчунин ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ миёни минтақаҳо оғоз мешавад.
Муовини аввали сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов ҳушдор дод, ки назорат дар нақлиёти ҷамъиятӣ бояд сахт ба роҳ монда шавад. Пӯшидани ниқоб ва санҷидани ҳарорати бадан ҳангоми дохил шудан ба нақлиёт ҳатмӣ хоҳад буд.
"Ҳамагуна ташкили интиқоли мусофирон тавассути автобус ё таксӣ бояд бехатар бошад. Бояд мутмаин бошем, ки мусофирон бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ сафар мекунанд", - гуфт Боронов дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии Қирғизистон барои мубориза бо вирус.
Пештар хабар доданд, ки парвозҳои дохилӣ аз 8-уми июн дар Қирғизистон аз сар гирифта мешаванд.
Дар Қирғизистон парвози ҳавопаймоҳо дар миёнаҳои моҳи марти имсол, баъди ошкор шудани коронавирус қатъ шуд. Аз 22-юми март дар ин кишвар вазъи фавқулода эълом ва дар шаҳрҳои бузургтарин аз 25-уми март вазъи фавқулодаи шадид ҷорӣ гашт.