Wn/tg/Ошкор шудани дуздии 30 ҳазор доллари амрикои ва 40 ҳазор сомонӣ аз дохили корхонаи “Дуоб”
Appearance
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд. Номбурда, моҳи январи соли 2020, бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи ҶДММ “Дуоб”, воқеъ дар кӯчаи Машъал, ки ба марди 44-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, ворид шуда, аз он ҷо 30 ҳазор доллари амрикои ва 40 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Аз руи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад. Манбаъ: Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон