Wn/tg/Ошкор шудани дуздии 1-сар чорвои калони шохдор ва 1-адад телевизор
Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 26 ба 27-уми майи соли 2020, тахминан соати 01:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди деҳаашон 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-соли сокини ҷамоати деҳоти Даҳанаи ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд. Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза зани 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шаҳринави ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи майи соли 2020, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии апааш, зани 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шаҳринави ҳамин ноҳия даромада, аз он ҷо 1-адад телевизори тамғаи “ЛҶ”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 50-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шаҳринави ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд. Аз руи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад. Манбаъ: Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон