Wn/tg/Маркази миллии тестӣ: Семинарҳои омӯзишӣ барои тренерон оғоз шуданд

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Маркази миллии тестӣ: Семинарҳои омӯзишӣ барои тренерон оғоз шуданд

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омӯзиширо барои тренерони кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ ҷиҳати ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2020 оғоз кард. Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, семинарҳои омӯзишӣ 1-2 июн барои намояндагони шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №6 и ш.Душанбе) бо иштироки 14 нафар шунавандагон гузаронида мешаванд. 2-3 июн барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд (дар муассисаи таълимии гимназияи № 1 и ш.Хуҷанд) бо иштироки 12 нафар шунаванда ва 3-4 июн барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои водии Вахши вилояти Хатлон (дар муассисаи таълимии таҳсилоти умумии №12 и ш.Бохтар) бо иштироки 13 нафар шунаванда ва барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон (дар муассисаи таълимии таҳсилоти умумии №51 и ш.Кӯлоб) бо иштироки 10 нафар шунавандагон доир мегарданд. Ҳадаф аз баргузории семинарҳои омӯзишӣ омода кардани тренерон барои таълим ва интихоби кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ, аз ҷумла, роҳбарон, ёварони роҳбарон, маъмурон ва маъмурони калон, инчунин бақайдгирандагони марказҳои имтиҳонӣ аст. Барои баргузории семинарҳои омӯзишӣ ва интихоби кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ дар баробари тренерон дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ гурӯҳҳои кории Марказ ҷалб карда мешаванд. Соли равон дар заминаи 48 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешаванд. Ҷиҳати ташкил ва баргузории семинари омӯзишӣ барои тренерон барнома, модули омӯзишӣ ва маводи иловагии ёрирасон омода карда шудаанд. Пас аз ду рӯзи машғулиятҳо ба шунавандагон дар асоси дарсҳои гузашта саволномаҳо пешниҳод мегарданд. Дониш ва маҳорати шунавандагон дар асоси талаботу принсипҳои муқарраршуда арзёбӣ гардида, аз байни онҳо 33 нафар ба ҳайси тренер интихоб ва ба кори муваққатӣ дар Марказ ҷалб карда мешаванд. Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»