Wn/tg/Марги ду кӯдак дар Қазоқистон аз бемории монанд ба "синдроми Кавасакӣ"

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Марги ду кӯдак дар Қазоқистон аз бемории монанд ба "синдроми Кавасакӣ"
Kzk delenie.png


Марги ду кӯдак дар Қазоқистон аз бемории монанд ба "синдроми Кавасакӣ"

Дар Қазоқистон ду кӯдаки 2-сола ва 3-сола аз бемории монанд ба "синдроми Кавасакӣ" фавтиданд. Дар ин бора раиси "Маркази илмии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакон" Риза Боронбоева хабар дод. Ба гуфтаи вай, волидон кӯдакони беморро саривақт ба беморхона наовардаанд ва пизишкон натавонистанд, онҳоро наҷот диҳанд.

Пизишкон мегӯянд, синдроми илтиҳобовар, ки ба рагҳои хунгард зиён мерасонад ва монанди "синдроми Кавасакӣ" аст, айни замон ба кӯдаконе бештар таъсир дорад, ки гирифтори вабои коронавирус шудаанд. Ду кӯдаки фавтида чанд ҳафта пеш мубталои COVID-19 шуда буданд.

Риза Боронбоева гуфтааст, ки дар Қазоқистон 41 кӯдак аз синдроми монанд ба Каваскӣ ранҷ мебаранд.

Бори нахуст синдроми монанд ба Кавасакӣ дар Қазоқистон рӯзи 4 август сабт шуд. Бо гузашти ду моҳ шумораи гирифторони синдром ба 41 расидааст.