Wn/tg/Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: паёмадҳои сел дар Тоҷикобод ва Душанбе бартараф гардиданд

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: паёмадҳои сел дар Тоҷикобод ва Душанбе бартараф гардиданд

Бар асари борони зиёд 30 май, тахминан соати 19:30, дар ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод, дар километри 202 шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш-Саритош сел омада, роҳ муваққатан баста шуд. Паҳноии сел 35-40 метр ва баландии об тахминан 60-70 смро ташкил дод. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Кормандони бахши ноҳиявии Кумита ва масъулини дахлдори ҷамоати мазкур фавран ба ҷойи ҳодиса расида, бо ҷалби техникаҳои муҳандисии Хадамоти нақлиёт ва роҳи ноҳия, 1 адад борбардори фронталӣ, 1 адад автогрейдер ва 1 адад экскватор корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табииро оғоз карданд. Соати 00:20 дақиқа шоҳроҳ пурра кушода шуда, ҳаракати ҳама гуна намуди нақлиёт таъмин карда шуд. Ҳамчунин 31 май бар асари боридани борони пуршиддат дар пойтахти мамлакат дар кӯчаи Навободи ноҳияи Сино оби борон ба саҳни ҳавлиҳои истиқоматии 3 (се) хоҷагии кӯчаи мазкур даромад. Ин ҳолат аз тарафи наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Душанбе бо истифода аз таҷҳизоти обкаш бартараф карда шуд. Ҳамин рӯз ва тақрибан дар ҳамин соат аз боди шадиду борони пуршиддат дар кӯчаҳои Абдулло Наҷмиддин, Туҳфа Фозилова болопӯши хонаҳои истиқоматии 2 (ду) хоҷагии ин кӯчаҳо қисман зарар дидаанд. Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар якҷоягӣ бо Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо ҷалби 1 адад техникаи боркаш ин ҳолатро бартараф карданд. Дар ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ва зарари ҷисмонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳамин ҳол Хадамоти жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 30-31 май бо партоби 51 мушаки зиддижолаи «Алазан 6» ба 19 минтақаи аз жола осебпазири ноҳияҳои Данғара, Хуросон ва Ҳисор хавфи боридани жоларо дар ин минтақаҳо бартараф сохтанд. Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»