Jump to content

Wn/tg/Кумак ба ду беморхонаи ноҳиявии Суғд бо дастгирии мардум ҷиҳати мубориза бар зидди COVID-19

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Кумак ба ду беморхонаи ноҳиявии Суғд бо дастгирии мардум ҷиҳати мубориза бар зидди COVID-19

Бо мақсади эътино ба пандемияи бемории коронавируси нав (COVID-19), ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман дар охири моҳи апрел тасдиқ карда шуд, Ташкилоти ҷамъиятии “Садоқат” дар ҳамкорӣ бо як кӯмакрасони ихтиёрии амрикоӣ Роберт Виллард ва Ташкилоти ҷамъиятии “Фонди рушди ҷомеа” бо мақсади ҷамъоварии маблағ ҷиҳати дастгирии беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Истаравшан ва Деваштич дар шимоли Тоҷикистон дар сомонаи www.gofundme.com як лоиҳаеро оид ба ҷалби маблағ тавассути механизми “краудфандинг” оғоз намуд. Умуман, дар доираи лоиҳа дар давоми 20 рӯз (7-27 майи соли 2020) нисбат ба 1200 дол. ШМА маблағи банақшагирифташуда тақрибан 2000 доллари ШМА ҷамъ карда шуд.  “Аз имконияти мазкур истифода бурда мехостем ба ҳамаи саховатмандон аз гӯшаҳои гуногуни олам барои хайрияҳояшон, ба тамоми шарикон чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар барои ҳамкории пурсамар ва ҳамоҳангсозии беҳамто, инчунин ба тамоми шахсоне, ки ҷиҳати ташвиқи лоиҳаи мазкур дар байни дӯстону наздикони худ моро дастгирӣ намуданд, миннатдории бепоёни худро изҳор намоем”, - гуфт Нигора Негматуллаева, Директори иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии “Садоқат”. Маблағи ҷамъшуда барои харидории 40 дона либоси махсуси муҳофизатӣ, 100 дона ниқобҳои тиббии дорои ҳавотозакунак барои духтурон, ки дар сафи пеш хизмат карда истодаанд, 200 дона ниқобҳои тиббии яккарата барои беморон ва дигар шахсони зери хатар қарордошта, 6 қуттӣ дастпӯшакҳои тиббӣ, 20 шиша маҳлули антисептикӣ, ки ба ду беморхона тақсим карда шуд, инчунин миқдори муайяни маводи хӯрокворӣ барои гурӯҳи осебпазири аҳолӣ дар маҳалҳо истифода бурда шуд. “Мо аз пайдо намудани имконияти мазкур барои дастгирии духтурон ва мардуми ниёзманд дар чунин шароити номуайян ва мушкил хушҳол ҳастем.”- зикр намуд Роберт Виллард, ки барои ҷойгир намудани лоиҳа дар сомонаи www.gofundme.com дастаро ҳаматарафа дастгирӣ намуд. - Умедворем, ки ин иқдом ба мардуми Тоҷикистон дар ҷойҳои дурдаст ҷиҳати паси сар намудани чунин бӯҳрони бемислу монанд кӯмак хоҳад кард ва барои давом додани чунин ташаббус ҷиҳати дастгирии дигар ҷомеаҳои ниёзманди Тоҷикистон имкон хоҳем дошт”. Гурӯҳи татбиқи лоиҳа ният дорад маблағҳои боқимондаро барои дастгирии беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон равона кунад.