Jump to content

Wn/tg/Кумаки навбатии башардӯстонаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Кумаки навбатии башардӯстонаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

Кумаки навбатии башардӯстонаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

Бо супориши президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе кумаки навбатии башардӯстона фиристода шуд. Кумаки вазнаш 24 тонна ин дафъа аз маводи тиббӣ, асосан антибиотикҳо иборат аст. “Кумаки аз ҳукумати Ӯзбекистон ба Душанбе расида ба ихтиёри Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии пойтахт супурда шуд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе. Ба гуфтаи манбаъ, раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои марбутаи шаҳр дастур додааст, ки истифодаи маводи тиббии дастрасшуда мувофиқи таъинот ва бепул барои муолиҷаи сироятёфтагон аз коронавирус қатъиян назорат шавад.


Зимнан зикр шуд, ки ҳамаи маводи тиббии ба сифати кумак фиристодашуда дар корхонаи муштараки Ӯзбекистону Британия Кабир - КМ ҶДММ «Samarkand England Eco-Medical» истеҳсол шудааст. Ёдрас мекунем, ки 9 апрел Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 18 вагон бо маводи тиббӣ ва маҳсулоти ғизоӣ фиристод. Бо дастури президенти ҳамсоякишвар рӯзи 8 май гурӯҳи иборат аз 8 нафар табибони вирусшиноси Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омада, инчунин бо ҳамин ҳавопаймо 10 тонна таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла 10 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ фиристода шуд. Рӯзи 9 май аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 144 контейнери тиббӣ барои дармонгоҳи сайёри муваққатӣ фиристода шуд, ки дар қаламрави варзишгоҳи “Бофанда” дар шаҳри Душанбе сохта шуд.

Манбаъ

[edit | edit source]

Азия-Плюс хабар медиҳад дар телеграм-каналаш