Wn/tg/Имрӯз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо гурӯҳи табибони чинӣ мулоқот намуд
Имрӯз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо мутахассисони соҳаи тибби Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дирӯз ба Тоҷикистон омаданд, вохӯрӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти вазорат. Ҷамолиддин Абдуллозода ташрифи мутахассисони соҳаи тибби Чин ва кумакҳои аз ҷониби ин кишвар ба Тоҷикистон воридшударо самараи ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат арзёбӣ намуд. Бояд гуфт, ки ҳадаф ва мақсад аз ташрифи мутахассисони варзидаи соҳаи тибби Чин ба Тоҷикистон табодули таҷрибаи онҳо бо ҳамтоёни тоҷики хеш ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 мебошад. Мутахассисони соҳаи тибби Чин барои пазироии гарму самимӣ ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннадторӣ баён намуданд. Ёдовар мешавем, ки 24 май бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гурӯҳи калони мутахассисони соҳаи тандурустии Чин — асосан табибон дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шенсӣ ҷиҳати табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар роҳи пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 ба пойтахти Тоҷикистон омаданд. Дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо бародаршаҳрҳо ва Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавируси COVID-19 аз Чин ба пойтахти мамлакат ҳамчун кумак таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ дастрас карда шуд. Ҳамчунин бо ҷонибдорӣ аз ташаббусу тадбирҳои муҳиму саривақтии Раиси шаҳри Душанбе Сафорати Чин дар Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт 5 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ (ИВЛ), Ҳукумати мардумии музофоти Шенсӣ — 10 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ (ИВЛ), 2400 баста либоси муҳофизатии яккарата, 9500 адад ниқоби муҳофизатии тиббӣ, 45000 ҷуфт дастпӯшакҳои яккарата, 45000 дона бахил ва аз ҷониби Комиссияи ҳамҷаворӣ ва дӯстии Созмони Ҳамкории Шанхайи Ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои хориҷаи музофоти болозикр зиёда аз 3000 реагенти кислотаи нуклеин барои муайянсозии сирояти коронавирус кумак намуданд.
Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»
- Wn/tg/25 май
- Wn/tg/25 майи 2020
- Wn/tg/Майи 2020
- Wn/tg/Соли 2020
- Wn/tg/Май
- Wn/tg/Тоҷикистон
- Wn/tg/Чин
- Wn/tg/Тандурустӣ
- Wn/tg/COVID-19
- Wn/tg/Пандемияи COVID-19
- Wn/tg/Созмони Ҳамкории Шанхай
- Wn/tg/Коронавирус
- Wn/tg/Музофоти Шенсӣ
- Wn/tg/Душанбе
- Wn/tg/Эмомалӣ Раҳмон
- Wn/tg/Ҷамолиддин Абдуллозода
- Wn/tg/АМИТ «Ховар»
- Wn/tg/Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Wn/tg/Рустами Эмомалӣ
- Wn/tg/Бемориҳои сироятӣ