Jump to content

Wn/tg/Дороиҳои фарзандони вазири пешини амнияти Озарбойҷон дар Бритониё ошкор шуд

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Дороиҳои фарзандони вазири пешини амнияти Озарбойҷон дар Бритониё ошкор шуд

Дороиҳои фарзандони вазири пешини амнияти Озарбойҷон дар Бритониё ошкор шуд https://www.ozodi.org/a/30647783.html

Фарзандони вазири пешини амнияти давлатии Озарбойҷон Элдар Маҳмудов соҳиби хонаҳои гаронарзиш дар Бритониё мебошанд. Аз ҷумла, як хонае, ки дар шаҳри Лондон ба онҳо нисбат дода мешавад, 21 миллион доллар нарх дорад.


Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев Элдар Маҳмудовро соли 2015 бе шарҳ аз мақоми вазири амнияти давлатии кишвараш барканор кард. Бар асоси маълумот дар бораи муштариёни Бонки ҷазираҳои Кайман, ки моҳи ноябри соли 2019 дар пайи як ҳамлаи ҳакерӣ расонаӣ шуд, хонаводаи Маҳмудовҳо соҳиби тиҷорате ба маблағи наздики 111 миллион доллар ҳастанд.


Тибқи таҳқиқоте, ки дар асоси маълумоти мазкур анҷом шудааст, қариб ними ин пулҳо тавассути ширкати марбут ба писари 26-солаи Маҳмудов -- Анор ва духтари 31-солааш -- Наргис ба даст омадаанд.


Муаллифони таҳқиқот мегӯянд, дар миёни иншооти марбут ба хонаводаи Маҳмудовҳо чанд бинои тиҷорӣ дар шаҳрҳои соҳилии Пул ва Борнмут ба маблағи тақрибан 16,7 миллион доллар низ ҳаст.


Ба Анор Маҳмудов дар шаҳри Лондон бинои чорошёнае нисбат дода мешавад, ки ҳудуди 21,4 миллион доллар арзиш дорад.


Соли 2018 маълум шуд, модарарӯси Маҳмудов - Замира Хоҷиева, ки дар Лондон зиндагӣ мекунад, дар 10 сол дар маркази тиҷории маъруфи пойтахти Бритониё -- Harrods беш аз 21 миллион доллар харҷ кардааст.


Моҳи феврали соли равон дархости Хоҷиева барои бекор кардани қарори ҳабси дороиҳояш бекор карда шуд. Ин қарор ӯро вазифадор мекунад, ки манбаи дороиҳояшро ошкор кунад.


Муаллифони таҳқиқот ҳамчунин муайян кардаанд, ки Маҳмудовҳо дар Испания, Литва ва Люксембург низ ширкату хона доранд.