Wn/tg/Деҳқони асил, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Набихон Файзуллоев дурустии ин ҳикматро дар таҷрибаи хеш дидааст
АМИТ "Ховар" ФАЙЗИ РӮЗГОР АЗ БАРАКАТИ ЗАМИН АСТ. Деҳқони асил, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Набихон Файзуллоев дурустии ин ҳикматро дар таҷрибаи хеш дидааст
ДУШАНБЕ, 16.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо сокинони деҳоти мамлакат ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, кӯшиш менамоянд, ки аз ин ҳисоб эҳтиёҷоти хонаводаи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намоянд. Сокини деҳаи Шӯроободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Набихон Файзуллоев аз ҷумлаи онҳост. Ӯ дар қитъаи замини наздиҳавлигиаш, ки масоҳати он 0,12 гектарро ташкил медиҳад, сабзавоти барвақтӣ, картошка, бодиринг, помидор, қаламфур ва ғайраро парвариш карда, ниҳолхона ҳам дорад, ки аз он фоидаи зиёд мебинад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Набихон Файзуллоев гуфт, ки ҳар сол аз 2 то 3 ҳосил рӯёнда, на танҳо эҳтиёҷоти хонаводаи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ бароварда месозад, балки ҳосили боқимондаро ба фурӯш бароварда, даромади пулӣ ҳам ба даст меорад.
Дар ниҳолхонаи ӯ зиёда 13 навъи дарахтон парвариш меёбанд. То имрӯз хонаводаи ин деҳқони асил аз меваҳои пухтарасидаи ҳавлиаш мураббо ва хушкмева омода карда, захираи як солаи худро омода намудаанд.
https://web.archive.org/web/20200716230611/https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/07/Nabihon-Fajzulloev.jpg Набихон Файзуллоев Номбурда боқимондаи меваи дарахтонашро фурӯхта, бо пули онҳо барои аъзои хонаводааш либос ва дигар ашёи зарурии рӯзгор харидааст. Дар баробари ин, ин деҳкони дасткушод аз ҳосили рӯёндааш ба ҳамсоягон ва ниёзмандон як миқдор ҳам тақсим кардааст.
Мегӯянд, ки «ҳамсоя аз ҳамсоя ранг мегирад, харбуза аз харбуза». Сокинони дигари ин ноҳия ҳам дар заминҳои наздиҳавлигиашон намудҳои гуногуни сабзавот, аз ҷумла картошка, сабзӣ, карам, помидору бодиринг ва лубиёгӣ кишт менамоянд ва аз он даромади зиёд ба даст меоранд.
Рушди кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб болоравии сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин вобаста аст. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриву мулоқот бо аҳли ҷомеа ва масъулони идораҳои замин, оқилона ва самаранок истифода бурдани заминро пайваста таъкид мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки деҳаи Шӯроободи ноҳияи Ш.Шоҳин дорои 1036 нафар аҳолӣ буда, сокинони маҳаллӣ ҳамасола зиёда аз 105 тонна мевагӣ ва сабзавот мерӯёнанд. Ҷамоати мазкур дорои 2518 гектар замин буда, сокинони маҳаллӣ асосан ба парвариши кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла гандум, ҷав, лубиёгӣ, картошка, боғпарварӣ ва хӯроки чорво машғуланд.
Тибқи иттилои масъулин, имсол дар Ҷамоати деҳоти «Шӯрообод» кишти гандум 1742 гектар, ҷав 51 гектар, лубиёгиҳо 35 гектар, картошка 18 гектар гузаронида шуда, 18,2 гектар боғҳои нав бунёд карда шудааст.