Jump to content

Wn/tg/Дар Тоҷикистон 123 ҳолати нави ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Дар Тоҷикистон 123 ҳолати нави ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд

Дар Тоҷикистон 123 ҳолати нави ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

То соати 17:20 дақиқаи 29 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3686 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1769 нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 47 нафар фавтидаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, давоми шабонарӯзи гузашта 123 ҳолати нави ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Инчунин, то 29 май дар мамлакат 2228 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 331 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодаанд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.

Ба ғайр аз ин дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Барои таъмини беморхонаҳо бо доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводҳои худмуҳофизатӣ алайҳи мубориза бо бемории мазкур зиёда аз 45 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷет ва дигар ташкилотҳо ҷудо карда шудааст.

Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»