Jump to content

Wn/tg/Дар Париж сокинон зидди хушунати пулис эътироз карданд

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Дар Париж сокинон зидди хушунати пулис эътироз карданд

Дар шаҳри Париж ҳазорон нафар дар эътирозҳои зидди хушунати пулис ширкат карданд.


Ин эътироз дар солгарди фаронсавии сиёҳпӯст, Адам Траореи 24-сола баргузор гардид. Траоре дар соли 2016 баъди боздошт аз сӯи пулис фавтид.


Сарфи назар аз манъи баргузории чорабиниҳои оммавӣ дар робита ба коронавируси нав, ба иттилои мухталиф дар эътирози ахир аз 15 то 20 ҳазор кас ширкат кард.


Эътирози сокинони Париж дар ҳолест, ки дар Амрико ҳам баъди марги Ҷорҷ Флойди сиёҳпӯст зери пойи пулис, сокинон даст ба эътироз ва харобкорӣ заданд.


Дар ИМА аз 26-уми май ба ин тараф эътирозҳои зидди хушунати пулис давом доранд. Ҷорҷ Флойди 46-сола баъди боздошт аз сӯи пулис фавтид. Дар чанде аз шаҳрҳои ИМА эътирозҳо ба бетартибиҳо мубаддал шуданд.