Wn/tg/Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 8 ихтисоси нав таъсис дода шуд
АМИТ "Ховар" Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 8 ихтисоси нав таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 17.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо назардошти рушди босуботи мамлакат, густариши робитаҳои иқтисодии берунмарзӣ, тамини ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ ва бехатарии иқтисодӣ 8 ихтисоси нав таъсис дода шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишастӣ матбуотӣ муовини ректор оид ба илм ва ҳамкории байналмилалӣ Заррина Қодирова иброз намуд.
Ба гуфтаи номбурда, менеҷменти тарабхона ва меҳмонхонаҳо, иқтисодиёт ва ташкили бизнеси тарабхонаҳо, сервиси тарабхона ва меҳмонхонаҳо, ҳуқуқи андозу бонкӣ, ҳуқуқи гумрукӣ, ҳуқуқи иттилоотӣ, бехатарии иқтисодӣ ва иқтисодиёти бизнеси электронӣ аз ҷумлаи ихтисосҳои нав мебошанд.
Муовини ректор Заррина Қодирова дар идома дар бораи дастоварду пешравиҳои муассиса ибрози андеша намуда, зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф аз рӯи 34 нишондод муайян кард, дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷойи чорумро ишғол намуд.
Дастоварди дигари Донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани 6 барномаи таълимӣ, аз ҷумла 4 барномаи бакалаврӣ ва 2 барномаи магистрӣ буд, ки ҳамаи онҳо соҳиби акредитатсияи байналмилалӣ ва сертификат гардиданд.
Донишгоҳ дар барномаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Эрамус+, Бонки ҷаҳонӣ, инчунин дар доираи созишномаҳои байналмилалии дуҷониба фаъолона иштирок намуд.
Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон ҳамчунин ҳамкории худро бо донишгоҳҳои Қазоқистон, Федератсияи Россия, Кореяи Ҷанубӣ, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Беларус, Чин, Булғористон, Полша, Испания, Италия ва ИМА хуб ба роҳ мондааст.