Jump to content

Wn/tg/Гуруҳи Шодиев ширкатҳои энержии Узбекистонро дар ихтиёр гирифт

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Гуруҳи Шодиев ширкатҳои энержии Узбекистонро дар ихтиёр гирифт

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ

[edit | edit source]

Гуруҳи Шодиев ширкатҳои энержии Узбекистонро дар ихтиёр гирифт

[edit | edit source]

Ҳадди ақал шаш ширкати бузурги саноативу энержии Узбекистон таҳти мудирияти ширкати SFI Management Group даромаданд.


Солҳои 2017-2018 Корхонаи металлургии Узбекистон, Корхонаи куҳиву металлургии Олмалиқ ва Корхонаи металлургии Тошканд дар ихтиёри ширкати SFI Management Group гузошта шуданд. Аммо ҷомеаи Узбекистон то кунун огоҳӣ надошт, ки се корхонаи дигари бахши энержӣ низ дар ихтиёри ширкати SFI Management Group гузошта шудааст.


Кобул Шодиев, роҳбари ширкати SFI Management Group ахиран гуфтааст, ки ширкатҳои "Узбекангишт", "Неругоҳи Ангрен" ва "Неругоҳи нави Ангрен" ҳам шомили ширкати SFI Management Group ҳастанд.


Аммо ин амр ҷомеаи Узбекистонро нигарон кардааст.


"Чаро ширкатҳои давлатӣ, ки даромади онҳо ҳадди ақал 10 дарсади буҷаи давлатро ташкил медоданд, ба ихтиёри ширкати хусусие гузошта шуданд? Агар барои мудирияти дурустӣ онҳо ин тасмим гирифта шудааст, пас чаро озмун баргузор нашуд ва ин кор шаффоф сурат нагирифт?", - гуфт як манбаъ дар ҳукумати Узбекистон.