Wn/tg/Генерали бознишастаи тоҷик дар Кӯлоб даргузашт

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Генерали бознишастаи тоҷик дар Кӯлоб даргузашт

Генерали бознишастаи тоҷик дар Кӯлоб даргузашт

Абдулваҳҳоб Искандарзода, як генерали собиқ ва бознишастаи тоҷик ва аз раҳбарони пешини Раёсати умури дохилӣ дар вилояти Бадахшон дар синни 63-солагӣ даргузашт ва сабаби марги ӯро низ бемории СОVID-19 медонанд. Яке аз ҳамкорони Искандарзода рӯзи 31-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт: “Қариб 15 рӯз дар хона бемор буд ва имшаб соатҳои 10 ба 11 шаб даргузашт. Бемории дил ҳам доштанд ва табобат мегирифтанд.” Ӯ дар шаҳри Кӯлоб зиндагӣ мекард. Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, зоҳиран вируси нав ба Абдулваҳҳоб Искандарзода ҳангоми ширкат дар маросими дафни бародараш Абдусалом Искандарзода, сардори собиқи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар минтақаи Кӯлоб сироят кардааст. Ин афсари тоҷик тақрибан ду ҳафта пеш даргузашт. Абдулваҳҳоб Искандарзодаро соати шаши субҳи 31-уми май дар оромгоҳи рақами 2 дар Кӯлоб дафн кардаанд. Табибон доир ба марги генерали тоҷик ва сабабҳои марги ӯ чизе нагуфтаанд. Абдулваҳҳоб Искандарзода охири соли 2014 сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шуда, моҳи августи соли 2017 рутбаи генералиро гирифта буд. Баъди танқидҳои президент Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди риоят нашудани тартиботи ҷамъиятӣ дар вилоят моҳи сентябри соли 2018 аз ин мақом барканор шуд ва то як сол пеш муовини сардори Раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон буд.