Wn/tg/Вазорати маориф ва илм, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Кумитаи идораи замин ва геодезӣ, Хадамоти иҷро нишасти матбуотӣ мегузаронанд

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Вазорати маориф ва илм, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Кумитаи идораи замин ва геодезӣ, Хадамоти иҷро нишасти матбуотӣ мегузаронанд

АМИТ "Ховар" Пагоҳ Вазорати маориф ва илм, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Кумитаи идораи замин ва геодезӣ, Хадамоти иҷро нишасти матбуотӣ мегузаронанд

ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 17 июл Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар  нимсолаи якуми соли 2020 нишасти матбуотӣ мегузаронанд.

Нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон соати 09:00 ва аз Хадамоти иҷро соати 14:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор мешаванд.

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ нишасти матбуотиро соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Кумитаи мазкур доир менамояд.

Нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мегардад.

Хотиррасон менамоем, ки масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) мувофиқа менамоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» —www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус, ба диққати масъулин ва иштирокчиёни нишастҳои матбуотӣ расонида мешавад, ки талаботҳои беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19-ро қатъиян риоя намоянд.