Jump to content

Wn/tg/Вазорати корҳои дохилӣ: Сайди моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ҷавобгарӣ дорад

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Вазорати корҳои дохилӣ: Сайди моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ҷавобгарӣ дорад

Шуъбаи экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти минтақа қонуншиканиро дар самти дар давраи тухмгузории моҳӣ сайд намудани он бо мақсади пешгирӣ аз талафот ва камшавии саршумор ба қайд гирифта, дар баробари тартиб додани якчанд санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 6 ҳолати ҷиноятӣ низ ошкор намуданд. Ин амал сабаби дар асоси моддаи 230-и Кодекси ҷиноятӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шаҳрвандон гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.  Аз гумонбаршудаҳо, ки дар минтақаҳои гуногуни обанбори «Баҳри тоҷик»- ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Конибодом ва Ашт, дар мавзеъҳои тухмгузорӣ ба сайди ғайриқонунии моҳӣ машғул буданд навъҳои гуногуни моҳӣ ва тӯри моҳидорию заврақ мусодира шудааст. Қонуншиканҳо сокинони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Б.Ғафуров ва Ашт мебошанд, ки асосан дар мавзеи обанбори «Баҳри тоҷик» тӯр гузошта, кирдорҳои худро шабона содир менамуданд. Чунин ҳаракатҳои харобиовар ба захира ва афзоиши моҳӣ таъсири манфӣ расонда, саршумори онро ба нобудшавӣ мебарад. Дар давраи тухмгузории моҳӣ сайд намудани ин намуд ҳайвоноти обиро бо мақсади пешгирӣ аз талафот ва камшавии саршумори он қонуни ҷиноятӣ ва ҳам маъмурии Тоҷикистон манъ намуда, риоя накардани чунин маҳдудият метавонад сабаби ҷавобгарӣ шавад. Ёдовар мешавем, ки давраи тухмгузории моҳӣ аз 1 апрел фаро расида, то 15 июн идома меёбад.