Wn/tg/Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафирони Чин, Ҳиндустон, Украина ва Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
АМИТ "Ховар" Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафирони Чин, Ҳиндустон, Украина ва Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 15 июли соли равон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, Украина ва Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқоти бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин Сироҷиддин Муҳриддин дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин ва иқдомҳои муштараки ду кишвар дар самти пешгирии ҳамагирии COVID-2019-ро баррасӣ намуд.
Дар рафти суҳбат бо Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Синх Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъ ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон, инчунин иқдомҳои муштараки ду мамлакатро дар самти мубориза бо ҳамагирии COVID-19 муҳокима намуданд.
https://web.archive.org/web/20200716135818/https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/07/Abdulaziz-Mu-ammad-al-Bodi-i-Siro-iddin-Mu-riddin.jpg Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Василий Серватюк дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина ва иқдомҳои муштараки ду мамлакатро дар самти пешгирии шуюи COVID-19 баррасӣ шуданд.
https://web.archive.org/web/20200717055540/https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/07/Siro-iddin-Mu-riddin-i-Vasilij-Servatyuk.jpg Инчунин, 15 июл Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодиро ба ҳузур пазируфт.
https://web.archive.org/web/20200716135818/https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/07/Abdulaziz-Mu-ammad-al-Bodi-i-Siro-iddin-Mu-riddin.jpg Дар рафти мулоқот тарафҳо пиромуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ табодули афкор намуда, ба зарурати тавсеаи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, ки бо руҳи муносибатҳои мардумони ду кишвар созгор аст, таъкид карданд. АКСҲО аз ВКХ ҶТ