Jump to content

Wn/tg/ВКД мегӯяд, як духтари тоҷик дӯстдоштаашро аз рашк оташ задааст

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > ВКД мегӯяд, як духтари тоҷик дӯстдоштаашро аз рашк оташ задааст

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ

[edit | edit source]

ВКД мегӯяд, як духтари тоҷик дӯстдоштаашро аз рашк оташ задааст

[edit | edit source]

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд, ки як духтари 21-солаи тоҷикро барои оташ задани дӯстдоштааш дастгир карданд. Ҳодиса 26-уми августи имсол дар канори дарёи Кофарниҳон дар шаҳри Ваҳдат рух додааст, вале хабари он рӯзи 19-уми сентябр расонаӣ шуд. Духтарро барои "қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ" гумонбар медонанд. Назари ҷониби дигар маълум нест. Рӯшан нест, ки ҳодиса дар чӣ шароите иттифоқ уфтодааст. Ба сабаби ошкор нашудани номи гумонбар пайдо кардани наздиконаш то ин дам бенатиҷа буд. Вазорат мегӯяд, духтар "аз ҳиссиёти рашк маъшуқаш, ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро бо истифода аз бензин оташ задааст." Ташхиси тиббиву додгоҳӣ тасдиқ карда, ки ҷавон "ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст". Ҳоло духтар дар боздоштгоҳ ва ҷавон дар бемористон будаанд. Мақомот мегӯянд, тафтиши ҳодиса ҷараён дорад.