Wn/tg/Болоравии нишондодҳои иқтисоди Чин дар пасманзари пандемия

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Болоравии нишондодҳои иқтисоди Чин дар пасманзари пандемия

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Болоравии нишондодҳои иқтисоди Чин дар пасманзари пандемия

Бар хилофи поинравии амиқи нишондодҳои иқтисодии Чин дар оғози соли ҷорӣ, дар семоҳаи дуюм афзоиш мушоҳида мешавад. Омори иқтисодии Чин ҳамчун нишонаи солим будани иқтисоди ҷаҳонӣ арзёбӣ мешавад, дар ҳоле, ки дигар кишварҳо талош доранд аз паёмадҳои пандемияи коронавирус наҷот ёбанд. Бюрои миллии омор рӯзи 16 июл гуфт, ки афзоиши иқтисоди Чин – иқтисоди дуюм дар ҷаҳон дар моҳҳои апрел то июн 3,2 дарсади рушди солонаро ташкил дод ва аз пешбиниҳои иқтисодшиносон, ки 2,5 дарсад мегуфтанд, пеш гузашт. Пеш аз ин дар семоҳаи аввали сол нишондодҳои иқтисодӣ 6,8 дарсад поин омад. Чин, ки аввал шуда аз коронавирус осеб дид, дар ду моҳи гузашта тадриҷан тадбирҳои маҳдудкунандаро сабуктар кард. Иқтисоди кишварҳои дигар, аз ҷумла, дар Амрикои Лотинӣ ва ҷазираҳои Карриб аз пандемия амиқан осеб дидааст. Коронавирус дар ИМА, ки то ҳол ҷони 137 ҳазор нафарро гирифтааст, қисматҳои ҷануб ва ғарби ин кишварро, ки даст ба пурра ё қисман боз кардани иқтисод задаанд, осеби ҷиддӣ расонидааст.