Jump to content

Wn/tg/Бародари вазири кори Қазоқистон бо моҷарои ришват барканор шуд

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Бародари вазири кори Қазоқистон бо моҷарои ришват барканор шуд

Бародари вазири кори Қазоқистон бо моҷарои ришват барканор шуд Радиои Озодӣ

Тимурҷон Нуримбетов, бародари Бирҷон Нуримбетов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон аз мақоми роҳбарии раёсати ҳамоҳангсозии шуғли аҳолӣ ва барномаи иҷтимоии вилояти Ҷамбули он кишвар истеъфо дод.


Истеъфои вай дар пайи як ҷанҷоли порагирӣ сурат гирифт.


Тимурҷон Нуримбетов 18 феврали соли ҷорӣ дар ин мақом таъйин шуда буд.


Расонаҳо миёнаҳои моҳи апрел хабар доданд, ки Тимурҷон Нуримбетов дар дарёфти пора дар ҳаҷми 22 ҳазор доллар гумонбар мешавад.


Тимурҷон бародари Бирҷон Нуримбетов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон аст. Вай соли 1966 дар вилояти Ҷамбил таваллуд шудааст. То ин замон дар мақомҳои мухталифи вилояти Ҷамбил кор мекард.